goodwell
12-роҳи осонтарини хушбахт шудани зан
07.03.2022
Оила
2312

Хушбахтии мо дар дасти худи мост, меъмори кохи бахти худ будан сарчашма мегирад аз хислат, ахлоқ ва ҷаҳонбинии мо.

Бахтро ҳаргиз ба пул чен намекунанд, бовар намо, дугонаҷон. Албатта пул, кор, дороӣ- инҳо ҳама барои зиндагии шоиста лозим ҳастанд, аммо бо пул хушбахтӣ харида намешавад.

Агар волидайнат болои сарат зинда ҳастанд, хонаи ободу ҳамсари сазовор, тифлакони дилшод дорӣ, тани сиҳат, сарпаноҳе, кор, пас ҳамин аст хушбахтӣ!

Ҳеҷ гоҳ ба инсонҳое, ки зиндагии беҳтар аз ту доранд, ҳасад набар, бо он чизе дорӣ, шукрона намо! Аз ёд набарор як ҳадиси Хазрати пайғамбарро:-Худованд, шокиронро дўст медорад! Дар дунё одамоне ҳастанд, ки зиндагии туро ҳавас мекунанд, инро дар авроқи хотиротат ҳакокӣ намо!

Дар боли як шодмонӣ хушбахтиятро бисоз, имрўзат хуб анҷом ёфт? Дар фазои амну осудаи ватан, тифлаконат табассум бар лаб ором хобидаанд, пас, ту хушбахтӣ.

Субҳ офтоб аз панҷараҳо гармияшро ба рўйи бому дарат мерезад ва ту бо хотири ҷамъ ба ў салом мегўӣ? Пас, хушбахтӣ, хотири ҷамъ ва оромии рўҳ аст.

Ҳеҷ гоҳ ба касе ҳасад набар, зеро ҳасад бемориест, ки ҳаёти туро заҳрогин менамояд, инсоне, ки дунёяш олудаи заҳри ҳасодат аст, ҳаргиз хушбахт нест!

Аз пайи муд надав, беҳтарин пираҳан барои як бону ин қаноат аст, чашмгурусна ҳатто аз зеботарин шоҳии нафис пироҳан дўзонад, ҳам ба вай намезебад. Зеро чашмонаш гувоҳи бадбахтии ў ҳастанд…

Зеботарин зевар барои зан, ин сабр аст… Сабр намудан ба пасту баландиҳои зиндагӣ, оқибат туро ба қуллақои баландтарини мақсуд мерасонад.

Ба ҳамсарат меҳрубонӣ намо, шарм надор, навозишро барояш арзонӣ дор, марди дилат ин лутфи туро бармегардонад. Мардон зани меҳрубонро дўст медоранд.

Беҳтарин ороиш барои хонум табассум аст, ҳамеша табассум намо ва зиндагӣ низ ба рўйи ту механдад! Хушбахтӣ низ!

Меъмори кохи хушбахтии худат бош, ту метавонӣ…

Нисо

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД