Ҳамарӯза садҳо нафар муҳоҷирони меҳнатӣ шаҳри Санкт-Петербург ва Вилояти Ленинградро тарк мекунанд. Аллакай беш аз 12 ҳазор муҳоҷирон, ки дар корхонаву муассисаҳои ин шаҳр ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буданд, аз баҳри кор дар Русия гузашта, ба ватани худашон баргаштаанд.
Рафтани теъдоди зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ аз ин минтақа натанҳо роҳбарони корхонаву муассисаҳо, балки ҳатто кормандони пулисро ба ташвиш овардааст...
Дар бораи пойтахти шимоии Русияро тарк намудани садҳо нафар муҳоҷирони меҳнатӣ кормандони пулиси минтақавӣ ба нашрияи “Царьград Санкт-Петербург” хабар додаанд. Гуфта мешавад, ки муҳоҷирони меҳнатӣ дастаҷамъона шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинградро тарк мекунанд.
“Асосан муҳоҷирони меҳнатӣ аз Озарбойҷон, Молдова, Узбекистон ва Тоҷикистон шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинградро тарк карда, ба ватани худашон баргашта истодаанд. Танҳо дар бадали як сол зиёда аз 12 ҳазор муҳоҷирон ин минтақаро тарк намудаанд”- менависад манбаъ.
Ҷомеъашинос Юлия Байер сабаби бозгашти муҳоҷирони меҳнатиро ба ватан ба паст шудани қурби пули русӣ ва мобилизатсия нисбат дода гуфтааст:
“Омили аввалаш он аст, ки қурби пули русӣ паст шуда, даромади ба даст меовардаашон дигар муҳоҷирони меҳнатиро қонеъ намесозад. Сабаби дуюмаш тарс аст. Муҳоҷирон аз он ҳарос доранд, ки онҳоро маҷбуран ба хизмат мебаранд...”
Айни замон дар шаҳри Санкт-Петербург ҳудуди як миллион нафар муҳоҷирони меҳнатӣ аз кишварҳои пасошӯравӣ кор мекунанд...
Ф. Сатторӣ