Sebiston new 2024 october
11 СОЛИ МАҲБАС БАРОИ ТАҶОВУЗ БА НОМУСИ КӮДАК
5360

Суди ноҳияи Сино ҳукми ҷазои Ҳайдарова Одина сокини шаҳри Турсунзодаро барои бо сабзӣ таҷовуз намудани бародарзодаи хурдсолаш бароварда, ӯро ба муддати 11 солу 6 моҳ аз озодӣ маҳрум сохт, дар ин бора маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон ба сомонаи “Оила” иттилоъ дод.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҳайдарова Одина Абдулҳодиевна бо моддаи 110 қисми 2 банди «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба анҷом расонида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ирсол намуд.

Тафтишоти пешакӣ ба Ҳайдарова О.А. барои он айб эълон кардааст, ӯ қасди бо роҳи пинҳонӣ пардаи бакорати ҷияни хурдсолаш М.-ро вайрон намудан, дар оянда номбурдаро ҳамчун бероҳа дар назди ҷамъият муаррифӣ сохтан ва бо ин роҳ ба модари охирин М.М. таъсири руҳию равонӣ расониданро намудааст.
Бо ин мақсад, ӯ субҳи 1 август соли 2020 аз ҳузур надоштани дигар аъзоёни оилаашон истифода бурда, дар манзили истиқоматишон, воқеъ дар шаҳри Турсунзода як адад маҳсулоти полезии сабзиро гирифта ба ҳуҷраи хоби хурдсол М. даромада, ба узви занонаи охирин сабзиро ворид карда, ба узвҳои таносул ва саломатиаш зарари вазнини ҷисмонӣ расонидааст.

Ҷароҳатҳои бардоштаи хурдсол М. ба мисли садамаи ҳамбастаи дараҷаи вазнин, захми даридаи пардаи бакорат ва маҳбал, хунравии шадиди беруна ба зарари вазнин ба саломатӣ мансуб будааст.

Тибқи иттилои манбаъ, бо ҳукми суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз 8 январи соли 2021 судшаванда Ҳайдарова О.А. бо моддаи 110 қисми 2 банди «в» КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, бо ин модда ба ӯ ҷазои 11 солу 6 моҳ маҳрум сохтан аз озодӣ, бо адои ҷазо дар колониям ислоҳии низомаш умумӣ таъйин карда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД