Commerce bank may-june 2026
106 миллион сомонӣ алимент ба фоидаи модару кӯдак рӯёнида шуд
68

Дар доираи 95 917 адад истеҳсолоти самти алимент дар нимсолаи аввали соли равон аз ҷониби Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 106 миллиону 563 ҳазору 594 сомонӣ ба манфиати модару кӯдак рӯёнида шудааст.

Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Аҳтам Абдуллозода, сардори Хадамоти иҷро хабар дода, гуфт: “Соли 2025 бо фармоиши дахлдор дар назди сардори Хадамоти иҷро оид ба ҳалли мушкилоти рӯёнидани маблағ ба манфиати давлат, пардохти маблағи алимент, татбиқи маҳдудияти қонунӣ нисбат ба қарздорон ва рӯёнидани пардохти иҷро, баррасӣ ва ба хотири ҳалли ин масъалаҳо ситод таъсис дода шуд. Дар ҳар даҳ рӯз ин самтҳои фаъолият бо иштироки иҷрочиён мавриди муҳокима қарор дода мешаванд”.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД