sebiston july new
104 ҳазор кӯдакро ройгон хатна карданд
923


Давоми 2022 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 104 ҳазору 246 нафар кӯдак ба таври ройгон аз амалиёти хатна гузаронида шудаанд.

Бо ин мақсад айни замон дар муассисаҳои тиббии кишвар 584 ҳуҷраи махсусгардонидашудаи ҷарроҳӣ омода карда шуда, бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва инчунин ҷарроҳони соҳибтаҷриба таъмин гардидаанд.
Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки аз моҳи августи соли 2018 ба он тағийроту иловаҳо карда шуд, маросими хатна бояд танҳо дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон ва бо розигии волидон то 20-рӯзи таваллуди тифл гузаронида шавад.

Соли 2017 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо қабул шуда буд, ки дар моддаи 9-и қонуни мазкур чунин омадааст:
«Хатна бо розигии падару модар аз рӯзи таваллуди писар то рӯзи бистуми баъди таваллуд дар муассисаҳои тиббии дахлдор ба таври ройгон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ гузаронида шавад», хабар додааст Вазорати тандурустӣ ва ҳифҳи иҷтимоӣ аҳолии ҶТ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД