formula
10.000 ДОЛЛАР БАРОИ ҶАРРОҲИИ МУРҒ
2601

 

Бонуи амрикоӣ Селета Нотнагел, соҳиби мурғи хонагӣ бо лақаби Блю, баҳори соли гузашта аз бад шудани вазъи саломатии ҷонвари дӯстдоштааш ба шигифт омад. Вақте ҷонвар нафасгиру бемадор шуда, аз навизошҳои соҳибаш дурӣ меҷустагӣ шуд, Селета дарҳол ба назди духтури ҳайвонот шитофт. Тавре ташхис нишон дод, Блю бемор будааст.

Шояд каси дигар мешуд, мурғро на барои ташхис, балки ба деги шӯрбо равон мекард, вале мутахассисони соҳаи тиб тамоми ҳунару маҳорати худро нишон дода, ташхиси хун, ултрасадо, эхокардиограмма ва рентген гузарониданд.

Натиҷаи ташхис нишон дод, ки мурғак Блю гирифтори саратон шудааст. Барои аниқтар кардани беморӣ, томографиияи компютерӣ гузаронида шуд ва маълум шуд, ки дар рагҳои хунгарди мавзеи дили парранда сурохӣ вуҷуд дорад.

Селета дар вақташ Блюро ҳангоми чӯҷа буданаш бо нархи 12 доллар харидорӣ намуда буд ва ин ҷонварро ба мисли сагу гурбаи хонагӣ нигоҳубин мекард. Паррандаи мазкур чунон эрка аст, ки ҷои хобаш назди кати хоби Селета аст. Пайваста сари зонуи соҳибаш нишаста, хӯрокҳои дӯстдоштааш- тарбуз, қулфинай, панир ва пиченӣ ба шумор мераванд.

Гирифтори бемории марговар будани Блюро шунида, Селета бе ягон дудилагӣ қарор дод, ки барои шифо ёфтани мурғи хонааш маблағи даркориро пардохт мекунад. Моҳи ноябри соли гузашта кардиологи ҳайвонот ҷарроҳии душвореро анҷом дод, ки аксаран онро дар кӯдакон ва сагу гурба мегузаронанд. Қаблан чунин намудаи ҷарроҳӣ дар паррандагон гузаронида нашуда буд.

Бо вуҷуди ин, ҷарроҳӣ бомуваффақият анҷом ёфт ва аллакай баъди 12 соати ҷарроҳӣ мурғаки эркача гӯё ҳеҷ гоҳ бемор нашуда бошад, боз сари зонуи Селета баромад. Хароҷоти ҷарроҳӣ, тамоми ташхису қабул ва табобати духтурон 10.000 долларро дар бар гирифта бошад ҳам, Селета аз он ки чунин маблағи калонро барои ҷонвари дӯстдоштаи худ сарф кардааст, заррае пушаймон нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД