arzon replenishment
100 чеҳраи муваффақи соли 2023 дар ИДМ
1276



Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сабқати “100 – чеҳраи муваффақ” дар соли 2023 эълон шудааст. Дар ин бора Додхудо Шарифзода, масъули озмуни мазкур ба ”Оила” хабар дод.

Мавсуф гуфт, озмун аз ҷониби Ташкилоти байналмилалии “Маркази рушди зеҳнӣ” аз рӯи 10 номинатсия - илм ва маориф, ҷавонон ва варзиш, фарҳанг ва санъат, IT-технология ва зеҳни сунъӣ, хизматчиёни давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мудофиа, соҳибкорон, ихтирокорон ва барномасозон, шоирону нависандагон ва рӯзноманигорон баргузор мегардад.

Озмун миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуда, дар он омӯзгорон, ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ, варзишгарон, санъаткорон, барномасозон, хизматчиёни мақомоти давлатӣ, ки фаъолияти хубӣ хизматӣ доранд, кормандони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот, соҳибкорон, ихтироъкорону барномасозон, адибоне, ки асарҳои назмиву насрии онҳо дар таблиғи сулҳу дустӣ байни кишварҳои ИДМ ва барқарории муносибатҳои гуногунҷабҳа саҳм гузоштаанд, рӯзноманигороне, ки миёни сокинони кишварҳои ИДМ ҳаводор доранд, иштирок мекунанд.

Қабули парвандаҳои довталабон аз 8-уми декабр шурӯъ шуда, озмун 10-уми январи соли 2024 ҷамбаст карда мешавад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД