Маро падарам ҳанӯз вақти синфи 7-ум хонданам аз мактаб гирифт. Сабабаш гулбазм буд. Дар базми наврӯзӣ як бачаи шӯхи ҳамсинфам гулро оварда ба дасти ман дод . Рад кардам, вале аммаам, ки дар базм ҳузур дошт, «баро, баро, як бобаш кун» гӯён, маро ба саҳна тела дод.
Шеъраке хонда гулро ба як ҳамсинфи дигарам додаму дубора ба ҷоям баргаштам. Пас аз базм ба хона омада падарамро бо авзои парешон дидам. Аммаам маро зӯран ба саҳна бароварда боз худаш ба падарам хабаркашӣ кардааст, ки духтарат дар гулбазм шеъри ошиқона хонд.
Падарам маро зери мушту лагад гирифт ва дигар ба мактаб рафтан намонд. Аз рӯйи як гулбазми лаънатӣ хонашин шуда мондам. Синну солам ҳанӯз хурд бошад ҳам, хостгорон тез-тез дарамонро мекӯфтанд. Дар 16 солагиам падарам маро ба писари як ҷӯрааш фотиҳа кард. Ҷавон писандам набуд, вале аз тарс лому мим гуфта натавонистам. Тӯйи мо бисёр хоксорона гузашт. Ба тақдирам тан дода зери навои «Ёр-ёр» бо чашмони ашкбор ба хонаи бахтам рафтам. Ба бахти бадам шавҳарам бар замми зиштрӯю бадафт буданаш боз бадзабон ҳам будааст. Вай бе ягон сабаб маро мезад ва ҳаqфт пуштамро дашномҳои болохонадор медод. Базӯр се моҳ тоқат кардам. Ҷонам ба лабам расида ҳангоми моҷарои навбатӣ «маъқул набошам, ҷавобамро деҳ» гуфтанамро худам нафаҳмида мондам. Шавҳарам гӯё маътали ишорат бошад, маро пешандоз карда ба хонаамон овард ва дар пеши чашми волидонам талоқамро дода рафт. Падарам ба ҷойи дилбардорӣ намудан маро чунон зад, ки ниммурда шуда, як ҳафтаи дароз аз ҷогаҳ хеста натавонистам. Ҳолам дар хонаи падарам аз шаби тор ҳам тиратар гашт. Касе набуд, ки дарди дили зорамро бипурсад. Аз ҷони ширинам безор шуда, раги дастонамро бо лезва буридам, то аз ранҷу азоб халос шавам. Вақте хун фаввора зад, тарсида аз ҳуш рафтам. Дигар чӣ шуд, намедонам. Вақте ки ба худ омадам, аллакай дар беморхона будам. Падару модарам барои ҷони худашонро аз ҷавобгарӣ халос кардан ба духтурҳо гуфтаанд, ки ман бемории руҳӣ дорам, яъне девонаам. Баъди каме беҳтар шудани захми дастонам мани сип-сиҳатро аз он беморхона ба девонахонаи Кӯктош бурданд.
Се моҳ дар он ҷо мондам. Духтурҳо гиребони тавба дошта мегуфтанд: «Аҷиб, барои чӣ ин духтараки ҳушёрро ба ин ҷо оварда бошанд-а?! Аз афташ худи падараш чандон соқ нест. Одами солимақл фарзанди худашро маҷбуран ба девонахона оварда намехобонад…»
Баъдтар ман мақсади падарамро фаҳмидам, вай аз қасди худкушӣ намудани ман тарсида ин корро кардааст, то дар сурати дубора даст ба худкушӣ заданам исбот карда тавонад, ки духтараш девона буд. Коғази духтурро гирифта падарам маро ба хона овард ва таъкид кард: Як бори дигар ҳамин номаъқулиатро такрор кунӣ, туро худам бо ана ҳамин дастонам мекушам!
Аз тарси падарам на ба ягон ҷо меҳмонӣ рафта метавонистаму на бо касе дӯсту дугона шуда, барои он ки дар хона аз зиққӣ мурда наравам, аз волидонам пинҳонӣ як телефон харидам. Рӯзе аммаҳоям ба хонаамон меҳмонӣ омаданду модарам хоҳиш кард, ки чой биёрам. Қасд кардагӣ барин, вақти чойникро ба замин гузоштан телефон аз кисаам афтид. Ба ҳамдигар маънидорона чашмак задани аммаҳоямро дида дарк кардам, ки корро бало зад, онҳо ҳатман ба падарам хабар мекашанд. Дар ҳақиқат ҳамон бегоҳ дар хонаамон қиёмат қоим шуд. «Духтаратон телефонбоз шудааст ака, медонед-а телефонбозӣ одамро ба кадом роҳҳо мебарад» гуфтани хоҳараш ба болои оташи гулхани ҳамеша сӯзони қаҳру ғазаби падарам бензин рехт. «Духтаратро мекушам» гӯён, наъра задани падарамро шунида мани сиёҳбахт дасту диламро аз зиндагӣ шустам. Падарам дартоз ба хонаи хоби ман даромада, маро чунон бераҳмона зад, ки дар баданам ягон ҷойи обод намонд, баъд рӯяшро ҷониби қибла гардонда гуфт: «Аз баҳри ту барин духтар гузаштам! Оқат кардам! Ҳазор бор оқат кардам!!!»
Осмон бо шунидани ин суханони тақдирсӯз гӯё ба сарам фурӯ рехт. Худамро мекушам гуфта сӯйи ошхона давидам, вале модарам чолокона ба ман расида гирифту кордро бо зӯрӣ аз дастам кашида гирифт.
Ҳамин тавр падару духтар ногап шуда мондем, аниқтараш ӯ рӯйи маро дидан намехоҳад. Дар як хона зиндагӣ кунем ҳам, қаҳрием. Падарам хӯроки пухтаи маро намехӯрад, ман бошам, дар назди ӯ нишаста наметавонам. Шабу рӯз худо мегӯям, ки дари бахтамро кушояд, то ба ягон марди нек ба шавҳар баромада аз ин ғам халос шавам. Шумо чӣ мегӯед, хонандагони азиз? Оё зистан дар ин дунё барои мани оқипадар ва аз дунё дилсард маънӣ дорад?
Руъё, хонандаи «Оила»