Аз тӯямон даҳ сол сипарӣ гашта бошад ҳам, то имрӯз шавҳари хасисам ягон бор ба ман туҳфа тақдим накардааст. Аз забони дигар занҳо мешунавам, ки на танҳо дар иду зодрӯзҳояшон, балки дар дигар рӯзҳо низ аз шавҳаронашон туҳфа мегиранд. Ба ман алам мекунад. Намедонам чаро шавҳари ман мисли дигар мардон меҳрубон нест. Шояд шумо сабаби хасисии мардаки маро шарҳ медиҳед?
Насиба, н. Ғончӣ
Маслиҳати равоншинос
Туҳфа тақдим накардани мард ба зан чанд сабаб дошта метавонад. Сабаби якум аз орзуҳои зан бехабар будани шавҳар аст. Як қисми мардҳо ақли ба зан ё дӯстдоштаашон туҳфа тақдим намуданро надоранд, инро ба онҳо бояд гӯшзад намуд. Албатта мард вазифадор нест, ки барои занаш ҳадя бихарад, вале туҳфа тақдим намудан як нишонаи меҳру муҳаббат аст. Барои зан нархи туҳфа аҳамият надорад, муҳимаш он аст, ки шавҳар бо овардани ягон ҳадяи хурдакак муҳаббати худро нишон медиҳад. Дарки он ки ҳамсараш охирин тангаашро барои шод сохтани ӯ сарф намудааст, бонувонро ба зиндагӣ дилгарм месозад. Аҳамият дода бошед, вақте волидон танҳо бо гап фарзандони худро навозиш мекунанду ҳеҷ гоҳ барояшон туҳфа намехаранд, дар дили кӯдакон муҳаббати амиқ нисбати падару модар вуҷуд надорад. Муносибатҳои заношавҳарӣ низ чунин аст. Вақте шавҳар туҳфа тақдим намекунад, ин маънои онро дорад, ки мард танҳо худро дӯст медорад ва тамоми кӯшишу талоши занро баҳри ободонии хона вазифаи муқаррарии ӯ меҳисобад.
Як нуктаи муҳимро аз ёд набароред, туҳфа тақдим накардан ҳанӯз нишонаи мумсикӣ нест. Мардҳое ҳастанд, ки ба туҳфа тақдим намудан ақлашон намерасад, вале дар асл хасис нестанд ва барои занашон чизеро дареғ намедоранд. Ин тоифаи мардонро метавон ба осонӣ ба роҳи дуруст равона кард. Барои ин кофист, ки зан танҳо орзуҳои худро ба мард гӯшзад намояд. Марди мумсикро бошад, на бо гуфтани рози дилу баёни орзуву ҳавасҳо ҳотам карда мешавад, на бо зӯрӣ ва на талабу ҷангу ҷидол. Марди хасис танҳо барои ҳамсараш не, аслан барои ягон кас пул сарф кардан намехоҳад. Инсони зихна касеро дӯст дошта наметавонад, чунки дар дилаш танҳо як муҳаббат ҷой дорад-ишқи пулу мол!
Туҳфа тақдим накардани мард метавонад дилсардӣ бошад. Вақте мард занашро дӯст намедорад, ба ӯ чизе туҳфа намекунад, зеро ин бону ҳамчун инсон дар назари вай заррае қадру қимат надорад.
Мардони тайёрхӯр бар он ақидаанд, ки туҳфаро бояд зан ба мард тақдим намояд. Аслан, натанҳо мард бояд ба зан туҳфа диҳад, занон ҳам гоҳ-гоҳ бо туҳфаяке хотири марди худро шод созанд, нуран алонур мешавад. Туҳфадиҳии дутарафа марду занро ба ҳамдигар наздик месозад, зеро нишонаи муҳаббати ду нафар аст. Вақте пеш аз тӯй ду дилдода ба ҳам изҳори муҳаббат мекунанду якеашон пайваста туҳфа тақдим намуда, дигарӣ ҳеҷ гоҳ туҳфа намедиҳад, дар зиндагии минбаъдаи ин ду нафар мушкилоти психологиву пулӣ пеш меояд. Шавҳари шумо одати туҳфа тақдим кардан надошта бошад, илоҷи дигаре намемонад ба ҷуз аз ишора намудан. Ба марди шумо модараш туҳфадиҳиро наомӯхта бошад, пас ин хислатро бояд ба ӯ ёд диҳед. Баъзан кор ба ҷое мерасад, ки ба ғайр аз кадом намуди туҳфаро хостан ба мард фаҳмонидан лозим меояд, ки аз кадом мағоза ё бозор онро харид кардан муфиду қулай аст. Ғурури бефоидаро як сӯ гузошта бо лаҳни ширин бигӯед: «Мардак, ман дар мағозаи назди хона дилакҳои шоколадиро дидам. Хеле шод мешавам, агар ҳамин рӯз ду донаашро ба ман биёрӣ. Майлаш?» Дилатон ягон туҳфаи гаронбаҳо мехоста бошад, барои озурда насохтани дили мард хеле нозукона ба чизи дилхоҳатон ишорат намуда, орзуятонро чунин баён намоед: «ҳамин овезаи тиллоиям занҷири тилло медошт, хуб мешуд! Афсӯс, ки пул надорам» ё «Дирӯз дар бозор матои зебоеро дидам, вале андак қимат будааст, барои хариданаш пулам нарасид... » Марди зирак аз ним ишора мақсади занро мефаҳмад. Бонувоне, ки ҷасуру шартакигӯянд, метавонанд рӯирост ба шавҳарашон бигӯянд: «Мардак, агар ба ман туҳфа хариданӣ шавӣ, ман як ҳалқачаро таги чашм кардаам».
Мабодо бо вуҷуди ин ҳама ҳилаву дилёбӣ шавҳаратон ба туҳфадиҳӣ одат накунад, зиқ нашавед, бе туҳфа ҳам рӯзи одам мегузарад!