formula
10 саволу ҷавоб дар бораи муносибатҳои заношавҳарӣ дар давраи ҳомиладорӣ
26.05.2023
ОИЛА
1216



Мардуми тоҷик мақоли халқии хубе доранд: “Шариатро шарме нест”. Манзур аз “шариат”ин ҷо муносибатҳои зан ва мард, яъне зану шавҳар дар давраҳои гуногуни зиндагӣ мебошад.

Ҳомиладории зан аз ҳамин қабил давраҳост, ки саволҳои беҷавоби зиёде дорад, вале на ҳар кас ҷуръат мекунад ошкоро ҷавоби ин саволҳоро бипурсад. Надонистани нозукиҳои муносибати заношавҳарӣ дар давраи ҳомиладорӣ ориза ва оқибатҳои зиёде дошта метавонад, бинобар ин, имрӯз каме дар ҳамин бора маълумот медиҳем.

1. Муносибати заношавҳарӣ дар вақти ҳомиладорӣ ба кӯдак зарар мерасонад?

Бархе бар он ақидаанд, ки бо зани ҳомиладор қаробат кардани шавҳар ба тифли дар батни модар буда зиён мерасонад. Дар асл ин танҳо як афсона аст. Кӯдаки дар батни зан бударо моеъи амниотикӣ, пардаҳо, бачадон ва гарданаки бачадон аз ҳар гуна таъсирот муҳофизат карда метавонанд. Ин чунин маъно дорад, ки агар табибон ягон монеъаи дигарро пай набаранд, дар давраи ҳомиладории зан низ зану шавҳар метавонанд ҳаёти заношавҳарии муқарарии худро идома диҳанд.

2. Кай мумкину кай не?

Шумо наметавонед дар семоҳаи аввал ва охирини ҳомиладорӣ бо ҳамсаратон муносибати заношавҳарӣ намоед, агар хатари исқоти ҳамл, ҷудошавии ҳамроҳак ва хунравӣ аз бачадон ҷой дошта бошад.

3. Ҳамхобагӣ боиси таваллуди бармаҳал мегардад?

Баъзеҳо аз тарси он ки муносибати заношавҳарӣ дар давраи ҳомиладорӣ боиси таваллуди бармаҳал мегардад, аз ишқварзӣ худдорӣ мекунанд. Дар асл, бачапартоӣ, исқоти ҳамл ва таваллуди бармаҳал бо сабаби аз рушд бозмондани ҷанин дар батни модар, бардоштани бори вазнин, зарб хӯрдан ва мушкилоти ҷиддии саломатии зани ҳомила ба амал меояд. Табибон барои ишқварзии шумо монеъаеро набинанд, метавонед бо хотири ҷамъ аз зиндагӣ лаззат баред.

4. Таваллудкунӣ осон мешавад, агар...

Алоқаи ҷинсӣ ҳангоми ҳомиладорӣ барои осон шудани ҷараёни таваллуд муфид аст. Табибон тавсия медиҳанд, ки чанд ҳафта пеш аз санаи пешбинишудаи таваллуди кӯдак бо ҳамсаратон бештар ишқ варзед ва лаззат баред.

5. Зан сахт дард мекашад?

Ҷисми зан ҳангоми ҳомиладорӣ хеле тағйир меёбад. Ин ҷо гап танҳо дар бораи калон шудани шиками зани ҳомила намеравад. Дар давраи ҳомиладории зан гардиши хун дар коси хурд нисбатан тезтар шуда, тавозуни ҳормонӣ тағйир меёбад ва ин омилҳо баъзан боиси дард кашидан ё нороҳатӣ ҳангоми муносибатҳои маҳрамона мегарданд, бинобар ин, мард бояд ҳамсарашро бештар меҳрубонӣ кунад.

6. Эҳтиёткорӣ муҳим аст

Ҳангоми ҳомиладорӣ ниёз ба истифодаи рифола ва дигар воситаҳои пешгирии ҳамл нест, зеро зан аллакай бордор аст, вале эҳтиёткорӣ дар бистар ҳатмист. Ҳаракати ноҷо метавонад боиси осеб дидани тифл гардад.

7. Агар хун пайдо шавад?

Пайдо шудани осори хун пас аз алоқаи ҷинсӣ аз ҷой доштани мушкилот дарак медиҳад. Тавре ки болотар гуфтем, дар давраи ҳомиладорӣ гардиши хун дар коси хурд тезтар мешавад, бар замми ин, муосибатҳои маҳрамона ин ҷараёнро дучанд метезонанд, аз ин рӯ пайдо шудани осори хеле ками хун чандон ташвишовар нест, вале хунравӣ зиёд бошад ва ба ҷойи қатъ шудан баръакс шиддат гирад, бояд зан ҳатман ба духтури занона муроҷиат намояд.


8. Ишқварзӣ ба инкишофи кӯдак таъсир мерасонад?

Муносибатҳои заношавҳарӣ дар давраи ҳомиладорӣ ба инкишофи кӯдак таъсири манфӣ намерасонанд, агар дар ҷараёни ҳомиладорӣ зан худро солиму бардам ҳис кунад ва ҳомиладориаш мӯътадил гузарад. Худро хушбахт эҳсос кардани модар баръакс боиси беҳтар инкишоф ёфтани тифл дар батни зан мегардад.

9. Кӯдак аз ишқварзӣ “ҳусни зиёдатӣ” пайдо мекунад?

Бархе бар он ақидаанд, ки агар зану шавҳар дар давраи ҳомиладорӣ тез-тез ишқварзӣ кунанд, дар рухсораҳои кӯдак чуқурчаҳои зебо, яъне “ҳусни зиёдатӣ” пайдо мешаванд, вале дар асл ин ақидаи нодуруст. Шаклгирии чеҳраи кӯдак на ба муносибатҳои маҳрамонаи волидонаш,балки ба генҳо алоқамандӣ дорад.

10. СТОП! То таваллуди кӯдак ба ман наздик нашав!

Баъзе занҳо “ман ҳомиладорам” гӯён, шавҳарашонро аз худ тамоман дур мекунанд. Ин хатои бузург аст, зеро Худованд мардонро чунин офаридааст, ки бе зан зистанашон душвор аст. Зан метавонад давраи дурудароз аз ишқварзӣ худдорӣ кунад, вале барои мард тоқат кардан мушкилтар аст. Нахоҳед, ки шавҳаратон маъшуқабоз шавад ё думболи зани дигарро бигирад, пас бо баҳонаи ҳомиладориатон мардро аз худ дур насозед.

Таъкид барои мардон:

Рағбат ба алоқа дар бисёре аз занон дар давраи ҳомиладорӣ кам мешаванд ва то ҳадде мерасад, ки умуман алоқаи ҷинсӣ намехоҳанд. Ин оқибатҳои афзоиши гормонӣ мебошанд. Ба ҳамаи ин, бад шудани саломатӣ ва тағйирёбии рӯҳия илова мешавад. Аз ҳамин хотир шумо бояд ин чизро бидонед ва занро зӯран ба бистар накашед. Фаромӯш накунед, ки маҷбур кардани зан ба муносибатҳои заношавҳарӣ натанҳо ба шумо ягон лаззат мебахшад, балки ҳатто боиси пайдо шудани ҳисси нафрат дар дили зан гашта метавонад. Тоқат кунед, ин як давраи муайян аст ва баъди гузаштанаш шумо боз аз ишқварзӣ бо ҳамсаратон лаззат хоҳед бурд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД