Бонувон барои ба даст овардани дили марди дӯстдоштаашон чӣ корҳое, ки намекунанд, ҳатто баъзе бонуфон ба назди муллою фолбинҳо мераванд, то ки дили марди худро бо сеҳру ҷоду гарм созанд, вале онҳо хабар надоранд, ки беҳтарин сеҳргар худи зан аст ва бо дилёбию меҳрубонӣ метавонад мардро ошиқи шайдои худ созад. Мехоҳед роҳҳои осони ба худ ошиқ крадани мардро омӯзед, пас мутаваҷҷеҳ бошад!
Қавоқ нагиронед
Ба ягон мард дар ҷаҳон зани қошу қавоқаш овезон маъқул нест. Барои ҳаимн бештар табассум кунед. Чеҳраи кушодаи зан мардро мисли оҳанрабо ба худ мекашад.
Киноя назанед!
Киноя задан ба мрад ягон зарра фоида надорад, балки баръакс боиси пайдо шудани дилсардӣ байни зану шавҳар мегардад. Барои ҳамин ба ҷойи никоя задан, шаф-шаф накарда, якбора шафтолуи гапро гӯеду монед, яъне ошкоро фаҳмонед, ки шумо аз мард чӣ мехоҳед.
Хирагӣ накунед!
Мардҳо ба мисли бонувон ҳамеша дар бораи ишқу муҳаббат ва муносибатҳои заношавҳарӣ фикр намекунанд. Барои мардон кор ҳамеша дар зинаи аввал меистад ва кӯшиш мекунанд, ки қуллаҳои баландро фатҳ намоянд. Мард дар ҷойи кораш ягон мушкилӣ дошта бошад, хирагӣ карда, кӯшиши ба худ ҷалб намудани диққати ӯро накунед. Дар чунин ҳолатҳо мрадро ба ҳоли худаш мондан беҳтар аст.
Шавҳаратонро бо марди ҳамсоя муқоиса накунед
Ягон масъалаи оилавиро аз қабили таъмири хона, харидани мебел ё техникаи нави маишӣ бо кӯмаки мард ҳал кардан хоҳед, шавҳаратонро бо ҳамсоя ё ҳамкоратон, ки хонааш қасри шоҳро мемонад, муқоиса накунед. Ба умед нашавед, ки вақте шумо марди дигарро таъриф мекунед,шавҳаратон сари нангу номус омада, хостаҳоятонро амиалӣ месозад. Марди дигарро дар назди ӯ ситоиш намудани зани дӯстдоштааш дили мардро сард месозад ва метавонад дағалона бигӯяд, ки рафта ҳамон марди ҳамсоя ё ҳамкоратро бигир.
Мардро таъриф кунед
Марди шумо беҳтарин аст. Ҳафтае як маротиба ҳатман дар ин бора ба ӯ бигӯед. Фантазияатонро ба кор бурда, бартариҳои ӯро қайд намоед: ронандаи хуб аст, мушкилиро дарҳол ҳал мекунад, дар телефон бо ӯ гап зада, аз суханони ширинаш ба ваҷд меоед, касе мисли ӯ оши палави бомаза пухта наметавонад, туҳфаҳои беҳтарин интихоб мекунад ва ғайра. Муҳимаш як гапро чанд бор такрор накунед, вагарна асаби мард вайрон мешавад.
Аз марди худ шоҳзода созед
Мардатон аз либоси дарзмолкардаи шумо норозигӣ баён кунад, ҷанҷол ороста хафагӣ накунед. Мард мехоҳад беҳтарин бошад ва шумо ҳамчун зан вазифадор ҳастед, ки аз ӯ шоҳзода созед. Мардакатон завқу салиқаи либоспӯшӣ надорад? Боке нест. Барояш либос харида, хоҳиш кунед, ки ба хотири шуморо онро як бор чен карда бинад. Вақте ки мард либоси навро пӯшид, либосзеб буданашро қайд намуда, табассум намоед. Дар таъриф намудани мард хасисӣ накунед, он гоҳ вай ба шумо бовар карда, минбаъд дар интихоби либос ба маслиҳататон гӯш медиҳад.
Камбудиҳои мардро нодида бигиред
Мард мехоҳад, ки зан баъзе камбудиҳои ӯро нодида бигирад, аз ҷумла тугмаи кандагӣ, куртаи ифлос, фаромӯшхотирӣ... Барои ҳар майда-чӯйда бо ҳамсаратон моҷаро карда, ҳам ҳаёти мард ва ҳам рӯзгори худро талх насозед.
Ҳамрози мард гардед
Зан бояд дӯсти аз ҳама наздик ва ҳамрози марди дӯстдоштааш бошад. Нисбати мардакатон бодиққат бошед, нақша ва андешаи ӯро пурсон шавед, ба суханонаш самимона гӯш диҳад. Аммо дар сурати аз услуби кори мард бехабар будан беҳтараш аз додани маслиҳат худдорӣ намоед, зеро маслиҳати беандешаи зан мардро асабонӣ месозад. Вақте мард бо шумо дар бораи корҳояш гап мезанад, донед, ки дар дилаш маъво гирифтаед.
Мард ҳам меҳрубонӣ мехоҳад
Аксари занҳо фикр мекунанд, ки мардон табиатан пурқудрат буда, ба меҳрубонӣ ниёз надоранд, вале дар асл мард дар ин бора лаб накушояд ҳам, бе меҳрубонӣ рӯҳан мемирад. Аз ҳамин хотир навозишу меҳрубониро ба мард арзонӣ доред, он гоҳ азизи дилаш мегардед.
Худро аз мард боло нагиред
Мардҳо аз бонувони донову сарвар ба ваҷд биёянд ҳам, оиларо бо зане сохтан мехоҳанд, ки ҳамроҳаш худро сарвари оила эҳсос карда тавонанд. Аз ин лиҳоз ҳангоми муошират бо мард худро ҳеҷ гоҳ аз мард боло нагиред.