Arzon march 2024
10-роҳи ёфтани бахт дар соли нав
2626

Дар арафаи соли нав ҳар яки моро андешаи он ки имсол бароямон чӣ гуна меояд, оё орзуҳои солинавӣ ҷомаи амал мепӯшанд ё не, ба ташвиш меорад. Ҳар як инсон новобаста аз синну солаш ба муъҷиза бовар дорад ва умедвор мешавад, ки рӯз ба рӯз рӯзгори беҳтаре насибаш мегардад.

Шаби соли навро шаби муъҷизанок мешуморанду бесаброна фарорасияшро интизор мешаванд. Инак, мо 10 роҳи ёфтани бахтро дар шаби соли нав манзури шумо, хонандагони азизи «Оила» мегардонем.

Фолкушоӣ дар шаби соли нав

Орзуи худро дар коғазчае навишта, чанд дақиқа қабл аз фарорасии соли нав онро оташ занед. Агар ин коғазча то фарорасии соли нав сӯхта хокистар шавад, орзуи шумо амалӣ хоҳад гашт. Рафту коғазча насӯзад, бидонед, ки орзуи шумо дар соли нав амалӣ намегардад.

Арӯс мешавам?

Агар шумо то ҳанӯз куртаи арӯсӣ ба бар накарда бошед, барои фаҳмидани он ки дар соли нав издивоҷ мекунед ё не, як тора мӯй ё риштаеро ба ҳалқаи ангуштаринатон гузаронда, ангуштаринро ба дохили истакони холӣ андозед. Чанд маротибае, ки ангуштарӣ ба девори истакон бархӯрад, ҳамон қадар сол тӯйи арӯсиро интизор мешавед.


-Эй бародар, беҳуда мӯшҳоро таҳқир накун. Мо, мӯшҳо нангу номуси мардона дорем ва мисли баъзе мардҳои шумо зану кӯдаконамонро партофта, бо баҳонаи муҳоҷирати меҳнатӣ солҳо бедарак намешавем. Аз куҷое, ки набошад, нони ҳаррӯзаи оилаамнро ёфтамеорем, то ки зану кӯдаконамон азоб накашанд.

 


Афсунгарӣ бо об

Ба шумо як истакони холӣ ва як истакони пуроб лозим аст. Баъди он ки орзуи худро баён мекунед, зуд оби як истаконро ба истакони дигар холӣ кунед. Ин амалро танҳо як маротиба бояд ба анҷом расонед. Агар шумо обро бори дигар холӣ карданӣ шавед, соҳириятон амалӣ намегардад. Акнун нигаред, ки вақти рехтани об ягон қатрааш ба замин чакида аст ё не? Дар болои миз ё замин беш аз се қатра об рехта бошад, орзуятон амалӣ мегардад. Оби зиёд рехта бошед, мутаассифона, орзуятон ҷомаи амал намепӯшад.

Соҳирӣ бо шамъ

Шамъро афрӯхта, дар болои тақсимчаи об шамъи обшударо чаконед. Акнун ба шакли аз шамъ пайдошуда нигаред. Агар шамъ ба наъли асп монанд бошад, бой мешавед, шакли ситораро дошта бошад, ягон хабар мешунавед, шакли гулро гирад, бахту саодат ёратон мегардад.

Соҳирӣ бо китоб

Фолкушоӣ бо китоб усули хеле одӣ ва дилхушкунанда аст. Дасти чапи худро болои китоб гузошта ба худ суол диҳед, баъд китобро кушода, аввалин сатреро, ки ангушти дасти чапатон нишон медиҳад, мутолиа намоед.

Соҳирӣ бо пӯчоқи чормағз

Ба пӯчоқи чормағз конфет, ангуштарӣ ё лентаеро гузошта, духтарон пуф мекунанд. Агар пӯчоқи ангуштариндор ба шумо наздик ояд, бо нафаре шинос мешавед, наздик шудани конфет маънои онро дорад, ки туҳфаи хуб мегиред. Лента маънои онро дорад, ки тамоми сол зебову барно мемонед.

Соҳирӣ бо биринҷ

Дастатонро дар болои бонкаи биринҷдошта гузоред ва бонкаро чапа карда бардоред. Акнун як мушт биринҷ гирифта ба болои сачоқ резед. Ҷуфт баромадани шумораи биринҷ ҷавоби мусбӣ ба суолатон асту тоқаш ҷавоби манфӣ.

Соҳирӣ бо китоб

Як гурӯҳ духтарон ҷамъ шуда, як китобро баста меовезанд. Ҷамъомадагон то аз гардиш мондани китоб номҳои худро такрор кардан мегиранд. Китоб дар номи касе, ки аз тобхӯрӣ истад, дар соли нав оиладор мешавад.

Соҳирӣ бо себ

Як дона себро бо корд ба ду қисм тақсим кунед. Агар донаки себи бурида дар шакли ситораи бутун бошад, дар соли нав бахту барор ҳамсафари шумо мегардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД