Arzon march 2024
10-рафтори зан, ки мардро ба хиёнат тела медиҳад
4283

 

Ривоят мекунанд, ки Худованд нахуст танҳо Одамро офарида буд ва биҳиштро бо тамоми нозу неъматҳояш ба ӯ бахшид, аммо табъи Одам ҳамеша гирифта ва малолу хотирпарешон мегашт. Ҷаннат бо тамоми зебоӣ ва тароваташ хотири ӯро шод гардонида наметавонист ва мудом сар ба сукут буд. Худованд пай бурд, ки офаридааш ҷуфт мехоҳад ва вақте Одамро хоб бурд, қабурғаеро аз байни қабурғаҳои ӯ ҷудо карда аз ҳамон як пора устухон Момо Ҳаворо офарид. Вақте Одам аз хоб бедор шуд, чашмаш ба мавҷуди зебое афтид, ки ба худи ӯ шабоҳат дошт ва бори аввал лабханд зад...

Ин ривоят бар он далолат мекунад, ки зану мард барои ҳамдигар офарида шудаанд ва зиндагии мард бе зану зан бе мард маънӣ ва рангу бӯйе надорад.

Ҳамаи мо вақте арӯсӣ мекунем, аз хурсандӣ бе болу пар гӯё парвоз карда, худоро шукр мегӯем, ки чунин саодати бузургро насибамон гардонидааст, аммо бо мурури замон оташи ишқ хомӯш гашта, аз он меҳру муҳаббати пешин ному нишоне намемонад. Маъмулан зан оби дида мерезад, ки шавҳараш духтарбоз шудаасту дигар ба ӯ аҳамият намедиҳад, мард баръакс занро дар сард шудани муносибатҳояшон гунаҳкор месозад.

Имрӯз мо дар бораи 10 одати бади занон, ки боиси аз оила гурезон ва хиёнаткору духтарбоз гаштани мардон мешавад, маълумот медиҳем, то бонувон хатои худро ислоҳ намуда, девори оилаи худро устувор гардонанд. Ин одатҳои бахтсӯзи занона инҳоянд:

 

 

1. Худпарастии зан

Аксари занон ҳељ гоҳ ба мард иќрор намешаванд, ки кадом намуди навозиши мард барояшон гуворо асту кадомаш не. Мардҳо бошанд инро донистан мехоҳанд, то тавонанд барои бонуи худ лаҳзаҳои гувороро фароҳам оварданд. Вақте зан мисли кунда сарду карахт аст, дили мард аз меҳрварзӣ бо ӯ сард мешавада

2. Аз оғӯши шавҳар гурехтани зан

Ҳамин ки зан барои истироҳат якпаҳлў ғелид, ҳамон замон шавҳар пайдо шуда ба навозиш шурўъ мекунад. Аслан занон меҳрубониву навозишро дўст медорад, вале табиати зан чунин аст, ки на ҳамеша мисли шамъ ба зудӣ фурўзон мешавад. Вақте ки зан “эй намондед, ки як дам истироҳат кунам” гуфта аз оғӯши шавҳараш мегурезад, шавқи ишқварзӣ дар дили мард мемирад ва ба ҷустуҷӯи зани дигар меафтад.

 

3. Карашма накардани зан

Нозу карашма ва нигоҳу табассумҳои маънидоронааш занро ба назар таннозтар ҷилва медиҳад, вале аксари заноне, ки синну солашн аз 30 гузаштааст, дар назди мард нозу ишва карданро ба худ раво намебинанд. Мард мехоҳад, ки ҳангоми ишќварзӣ зан наќши Лайлиро бозад ва вай Маљнунаш шавад. Вақте зан инро пай намебарад, мард ба ҷустуҷӯи Лайлии дигар меафтад.

 

4. Шармгинии зан

Фантазияи занҳо бой аст, вале аз он истифода бурда наметавонанд, зеро бонувон табиатан шармгин ҳастанд. Шармгинияш боиси он мегардад, ки зан аз ишќварзӣ бо шавҳар лаззат намебардорад. Шарму ҳаё албатта хуб аст, вале на дар ҳарими ишқ. Бовар кунед, бо як “лухтаки бе ҷону бе ҳис” ишқварзӣ кардан ба ягон мард хуш намеояд.

 

5. Сўҳбат дар ҷойгаҳ

Мард мехоҳад баъди ишқварзӣ бо ёри азизаш фикру андешашяшро таҳлил намояд, вале зан дарҳол худро ба хоб мезанад. Ҳамин ногуфтаҳо маҷбур месзанд, ки бонуи дигареро пайд намуда, бо ӯ дарди дил кунад.

 

6. Худро шоҳбону пиндоштани зан

Бибиҳову модарони мо бо дидани баргҳои гули садбарг, ки мард рӯйи бистари хоб партофтааст, ба ваҷд меомаданд, вале барои бонувони муосир романтика ин дам гирифтан дар канори баҳр, сайри Дубай ё Туркия аст. Табиист, ки на ҳар мард имконияти ба хориҷа ба тамошо бурдани ҳамсараш ва ё харидани ангуштарини бриллиантиро дорад. Вақте ки зан худро шоҳбону тасаввур карда,орзуҳои шоҳона мекунад, мард рӯ ба гурез мениҳад ва занеро меҷӯяд, ки самимию заминӣ бошад ва бо дидани як дона гул ҳам табассум кунад.

 

 

7. Дурўғгўии зан

Ҳамаи бонувон кам-кам маҳорати актриссагӣ доранд ва ҳатман дар љое ин қобилияти худро нишон медиҳанд. Гоҳо зан дар бистар ҳам бардурўғ худро хушбахт нишон медиҳанд, то мардро болидарўҳ гардонад, вале мардон бисёр ҳасос буда, дурӯғро зуд ҳис мекунанд. Самимӣ набудани зан оташи шавқи мардро хомӯш месозад.

8. Беғайратии зан

Маъмулан занон хеле беғайратанд ва аз гузоштани қадами аввал дар ишқ метарсанд. Зан ҳамеша интизор мешаванд, ки мард аввалин шуда ўро ба оғўш бигирад, вале мард ҳам мехоҳад ба ҷаззоб ва дилкаш будани худ боварӣ ҳосил намояд. Мард мехоҳад, ки баъзан зан худаш ба оғӯши ӯ даромада, навозишаш кунад ва ба меҳрварзӣ майл доштанашро нишон диҳад. Бонувони боҷуръате, ки дар бистар на нақши зан, балки нақши маъшуқаро бозида, мардро ба шўр меоранд, дар зиндагӣ хушбахтанд.

 

9. Ҷомашӯӣ муҳимтар

Занҳо барои ҳамаи корҳояшон наќша мекашанд, вале барои меҳрварзӣ бо шавҳарашон ваќт надоранд. Вақте ки мард навзиш мехоҳаду зан бошад, ҷомашӯироаз оғӯши шавҳар муҳимтар мешуморад, албатта мард дилсард мешавад.

 

10. Якрангӣ мардро дилгир мекунад

Ишқварзии занҳо якранг аст. Маҳз якрангӣ занонро аз эҳсосоти нав ва рангин маҳрум сохта, умрашон тира мегузарад. Мардҳо баръакс ҳар рӯз як навгонӣ мехоҳанд. Вақте ки як сенария мудом такрор мешавад, зан ба мисли филми кӯҳна, ки пурмаъно бошад ҳам, мард аз аввал то ба охир онро азёд медонад, дигар ҷолиб нест.

Агар ин хислатҳо дар шумо ҳам бошанд, кӯшиш намоед, ки сари вақт хатогиҳои худро ислоҳ намоед, вагарна мард дилсард шуда, ба ҷустуҷӯи зани дигаре меафтад, ки таннозу ҷаззоб бошад ва аз ҳар лаҳзаи зиндагӣ лаззат бурда тавонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД