sebiston july new
10 ОДАТЕ, КИ ЗАНРО ПИР МЕКУНАД
4115

 

Ҳар як бону орзуи пӯсти солим ва зебову дилкаш доштанро мекунад. Рафту истифодаи косметикаи қиматбаҳо, ғизои солим ва нигоҳубини дурусти пӯсти рӯй натиҷа надиҳанд, эҳтимол шумо одатҳои баде доред, ки ба ҳолати пӯстатон таъсири худро мерасонанд. Инак, 10 одате, ки ба пӯсти рӯйи зан зарар мерасонад.

Наракҳоро зер накунед

Зебоии пӯст аз худи зан вобастагӣ дорад. Рафту шумо нараки рӯятонро бо ангуштон зер мекарда бошед, пас пӯсти солимро орзу накунед. Дар сурати пайваста бо даст зер кардани наракҳо дар пӯст пайҳои нозеб боқӣ мемонанд.

Рӯйро бисёр нашӯед

Аксари бонувон гумон мекунанд, ки пайваста шустану тоза кардани пӯст боиси солимии он мегардад, вале дар асл чунин нест. Зуд-зуд шустани рӯй боиси хушкшавӣ ва беобиву илтиҳоби пӯст мегардад.

Бо усмаву сурма хоб накунед

Ғалати маъмултарини бонувон бо косметикаи рӯй хоб кардан аст. Ифлосиву чанги дар давоми шаб ҷамъшуда сабабгори пайдоиши илтиҳоби гуногун мегардад. Аз ин рӯ, агар малҳами рӯятонро тоза накарда хоб рафтед, субҳгоҳон бо дидани доначаҳои сурхи пӯст ба ҳайрат наафтед.

Ба рӯй даст нарасонед

Дар давоми рӯз ба пӯсти рӯй даст расонидан манъ аст! Мутахассисони соҳаи зебоӣ бар онанд, ки аксари бонувон аз нарак ва илтиҳоби пӯст шикоят намуда, ин қоидаро риоя намекунанд. Дар пӯсти дастони мо миллионҳо адад микроб ҷамъ мешавад, ки ҳангоми ба пӯст расидан боиси пайдоиши бемориҳои гуногуни пӯст гашта метавонад.

Камхобӣ

Аз хоб сер нашудан боиси сар задани бемориҳои гуногуни пӯст мегардад. Агар пӯсти солиму тоза мехоста бошед, бештар хоб кунед.

Аз офтоб гурезед

Нурҳои ултрабунафши офтоб ба пӯст таъсири бад мерасонанд, дар натиҷа пӯст доғ зада, бармаҳал пир мешавад. Малҳами аз офтоб ҳифзкунандаро фаромӯш накунед ва дар фасли тобистон аз 2 соат бештар дар зери офтоби сӯзон наистед.

Косметикаи зиёд накунед

Истифодаи косметикаи зиёд на танҳо боиси пайдоиши бемориҳои гуногуни пӯст, балки бенур гаштани он мегардад. Косметологон тавсия медиҳанд, ки малҳамҳои дорои ретинол, ҷавҳари гликолин, витамини С ва бензоили пероксидро дар якҷоягӣ истифода набаред.

Салфеткаи намнок

Пайваста тоза кардани пӯсти рӯй бо салфеткаи намнок ба пӯст таъсири манфӣ мерасонад. Баъди истифодаи салфетка пӯст аллергия пайдо карда, сурху пӯстпарто мешавад.

Мӯқаламҳоро шӯед

Спонж ва мӯқаламҳоеро, ки бо истифода аз он ба пӯсти рӯй малҳам ё дигар косметикаро мемолед, шустан лозим аст. Зуд-зуд истифода бурдани спонжу мӯқалами ифлос боиси пайдо шудани сурхичаҳои пӯст мегардад.

Малҳами мувофиқ гиред

Қабл аз он ки барои худ малҳам интихоб мекунед, дилпур шавед, ки барои пӯсти шумо мувофиқат мекарда бошад. Малҳаму косметикаи ба пӯсти рӯй номувофиқ муҷиби бармаҳал пажмурда гаштани пӯст мегардад.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД