Моҳи шарфи рамазон аз зумраи беҳтарин моҳҳои сол аст, зеро дар ин моҳи муборак Худованд дарҳои биҳиштро ба рӯйи бандагони накӯкор ва покдилу покниҳодаш боз менамояд.
Дар моҳи мубораки рамазон рӯза гирифтан танҳо маънии бастани даҳонро надорад. Инсон бояд дар баробари рӯза доштан аз гуфтани суханони фаҳшу ҳаром ва ба забон овардани дашному ҳақоорат худдорӣ намуда, боз чандин амалҳои дигари неки дигарро анҷом диҳад, то Аллоҳ аз ӯ хушнуд гардад. Имрӯз мо ба шумо дар бораи 10 амали барои муслимин хеле муҳиме маълумот медиҳем, ки дар моҳи шарифи рамазон анҷом доданашон хайру савоби зиёде дошта, боиси кушода шудани дарҳои ҷаннат ба рӯйи бандагони парҳезкор хоҳанд гашт.
1. Шиква накунед!
Ҳангоми рӯзадорӣ сахт ташнаву гурусна монед ҳам, ҳаргиз лаб ба шиква накушоед, зеро шикоят кардан маънои миннат карданро дорад. Дар ёд дошта бошед, ки Аллоҳ ба рӯзаи мову шумо ниёз надорад ва зори рӯзагирии мо нест. Ҳар як шахс ба хотири аз гуноҳ пок шудани худ дар моҳи шарифи рамазон рӯза медорад.
2. Зикри худо намоед!
Дар як ҳадиси муборак омадааст, ки яке аз нишонаҳои муҳаббати банда ба Худованд Аллоҳро тез-тез ёд кардан ва номи Худоро ба забон гирифтани ӯст. Дар моҳи мубораки рамазон намозҳоятонро сари вақт хонда, ҳамеша бо ёди парвардигор бошед. Зикр кардан бандаро ба Худованд наздик месозад. Ҳар қадар бештар зикри худо намоед, ҳамон андоза ба Аллоҳ наздиктар хоҳед шуд.
3. Қуръон хонед!
Дар як ҳадиси паёмбар омадааст, ки донандаи Қуръон фардои қиёмат ҳамнишини фариштагон хоҳад гашт. Барои қироати ин китоби муқаддас қории Қуръон будан шарт нест, бинобар ин, ман хати арабиро балад нестам ё Қуръонро дуруст хонда наметавонам гӯён, дар хондани ин китоби муқаддас танбалӣ накунед. Дар ёд дошта бошед-касе, ки бо душворӣ Қуръон мехонад, савоби дучанд насибаш мегардад, ҳар қадаре, ки метавонед дар моҳи мубораки рамазон Қуръон хонед.
4. Некӣ ва садақа кунед!
Бузугонамон беҳуда нафармудаанд:
Дил ба даст овард, ки ҳаҷҷи Акбар аст,
Аз ҳазорон Қаъба як дил беҳтар аст.
Инсон аз ин дунё ба ҷуз намозу рӯза ва некию хайру эҳсони дар зиндагӣ кардааш дигар чизеро бо худ намебарад. Беҳтарин тӯҳфае, ки одам барои фардои қиёмати худ омода месозад, намозу рӯза ва амалҳои неке мебошад, ки дар ҳаёти рӯзмарааш то дами марг мекунад. Гирифтани дасти фақирон, ятимон, дармондагон, пиронсолони бе касу кӯй ва дигар афроди ниёзманд кори хайру савоб аст, бинобар ин, ҳар қадар метавонед дар моҳи мубораки рамазон ба афроди дармонда ёрӣ расонед. Имкони зиёди кӯмак расонидан надошта бошед, ба бенавоён як сомонӣ-ду сомонӣ хайр кунед ё ба ягон оилаи камбағал таъом ва ё як дона нон хайр кунед.
5. Аз ҳоли наздиконатон хабар гиред.
Беҳтарин некие, ки инсон мекунад, бохабар будан аз ҳоли наздикон ва дасти кӯмак дароз намудан ба пайвандон ва хешу ақрабост. Дар байни хешовандони наздикатон одамони камбағал бошанд, тез-тез ба аёдати онҳо равед ва ба қадри имкон дар моҳи шарифи рамазон ба онҳо кӯмак карда истед.
6. Дуои неки падару модарро бигиред!
Паёмбари гиромии ислом ҳазрати Муҳаммад (С. С) фармудаанд, ки “Ҷаннат дар зери қудуми модарон аст.” Фарзандон ҳамеша бояд аз ҳоли падару модар бохабар бошанд. Аёдати волидон махсусан дар моҳи шарифи рамазон бисёр кори хайру савоб буда, натанҳо боиси хушнудии дили падару модари солманди шумо, балки боиси ризоят ва хушнудии Аллоҳ низ мегардад.
7. Ҳаққи мардумро нахӯред!
Хӯрдани ҳаққи дигарон ҳаром аст. Шахсе, ки зану фарзандонашро бо луқмаи ҳаром мехӯронад, ҳаргиз дар зиндагӣ хайру баракат надида, фардои қиёмат низ ба азобҳои алим гирифтор мешавад. Ин гуфтаҳо махсусан ба савдорагон бештар дахл доранд, агар шумо бо савдо сару кор дошта бошед, кӯшиш кунед, ки дар моҳи шарифи рамазон бо харидорон боинсофона рафтор намоед. Ҳаргиз аз тарозу назанед ва моли худро аз нархи аслиаш чанд маротиба қимматтар нафурӯшед.