arzon replenishment
Як шаби зани бефарзанд
2237




Дар арафаи иди соли нави мелоди ба кормандони корхонаи Мунисаиино тухфахои солинави супорида шуд. Муниса хам дар катори дигарон аз сарвари иттифоки касабаи коргох тухфаи худро пурсон шуд:
-Чи хел тухфа? Охир то чое, ки ман медонам, шумо хам бешавхареду хам бефарзанд-киноя зада гуфт у.
Аз ин ханчари бурои забони сардор тамоми пайкари Муниса гуё пора-пора шуду нафас дар гулуяш печид. Хост гиребони ин марди бадзабонро гираду мушти сангине ба баногушаш фарорад, вале боз худдори кард, чунки у рост мегуфт.Муниса хам бе шавхар буду хам бефарзанд. Хомуш бо дидаи пурашк рохи хонаашро пеш гирифт. Дар кучаву хиёбонхо падарону модарони хушбахтро бо фарзандони дуструякашон дида аламаш бештар мегардид.

Ин дакикахо танхо ашк ба имдоди у расидаву вучудашро аз гаронии гуссахо сабук мекард.
-Эх дунё, дунёи номард. Барои кадом сахву хатоям ин кадар хору залилу гапшунавам карди? Баъзе занхо бо ахлоки баду дахони бефарозу …лутфи илохи насибашон мегардаду модаранд, аммо оне, ки порсоиро пеша кардаву зикри хакро дастовези хеш кардааст, аз неъмати модари бебахра мондааст.

Духтари хамсояамон Низора бо бадахлокияш як махаллаи калонро ба хайрат овардаву боз сохиби ду фарзанди беникох гардид. Ман бошам бо шавхари никохии худ 20 сол зиндаги карда рохи фарзандро поидем. На духтури монду на мусулмони. Окибат ба такдир тан додаву бо розигии хамдигар чудо шудем. У зани дигар гирифту сохиби писари дустру гардид. Вале ман дигар ба бистари хеш пойи мардеро рох надодам. Дилам хеч накашид, вагарна талабгоронам кам набуданд. Овози тифли хамсояро мешунаваму тамоми вучудамро хаячон фаро мегирад, чи кадар мехохам, ки уро ба огуш гираму аз буяш сери димогамро пур кунам. Вале чи чора, ки фарзанди мардум аст.


Ба фикру андеша андармон Муниса нафахмид, ки чи хел ба назди хонаашон омада расид. Дари хавлиро боз карду лахзае сукут кард. Хавлии бекасаш хамсони мазор буду холиву сард. Дар танхои зиста-зиста чун шахси вахшие девонаавзоъ гардида буд. Боз суханони имрузаи раиси иттифоки касабаи корхона болои сухта намакоб буд.Гамаш гирифт, ки боз ин шаби танхоиву бекасиро чи гуна руз кунад. Баъзан ин шабхои танхои ба назараш чунон дурудароз менамуданд, ки бовараш намеомад.Каблан пеш аз хоб хамеша хабби демидрол истеъмол мекунад. Вактхои охир ин дору хам ба у хеч таъсир намекунад. Гоххо шабхо фикри худкушиву рахои аз ин зиндагии беъмани ба сараш меояд, аммо боз астагфуруллох гуфта худорри мекунад, аз оташи чаханнам метарсад.
Имшаб низ китоби писандидааш «Чаманоро»-ро ба даст гирифт, вале сатрхо аз зехнаш мепариданд, хеч чиз диккаташро чалб карда наметавонист, магнитафонро монд, якбора асабаш вайрон шуд. Онро хомуш карду руйи хавли баромад. Беихтиёр Махмадуллоро ба хотир оварда ба худ гуфт:
-Холо бо зану фарзандонат хушхоли, ба соли нав тайёри мебини. Оё ягон бор мани гарибдилро ба хотир меоварда боши? Шояд..не..
Ба хона даромаду аксхои якчоя гирифтаашонро тамошо кард. Тасмим гирифт, ки худи фардо рафта ба сагерахонаи нохия ариза менависад, то барои гирифтани кудаке кумакаш намоянд. Бигузор дар пири нигох накунад, аккалан рисолати модариро то чое ичро карда хумори худро фуру менишонам. Як боракак садои кудаконаи «очачон»-ро шунидан мехохам..кош..
Ва хобаш бурд, аввалин бор чунин орому осуда.Хоб дид, ки тифли гирён руйи дастонаш почак мезанад..
Аз эчодиёти Шахлои Начмиддин

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД