Ҳизби Либерал-Демократии Россия лоиҳаи нави қонунро ба Думаи давлатии Россия пешниҳод намудааст, ки тибқи он ҳуҷҷатҳои байналмилалии ронандагони муҳоҷир ба таври автоматӣ бекор карда мешаванд, агар ронанда қоидаҳои ҳаракат дар роҳро вайрон намояд. Дар ин бора расонаҳои русӣ хабар додаанд.
Муаллифони лоиҳаи нави қонун пешниҳод кардаанд, ки минбаъд ба ронандагони муҳоҷир барои иваз намудани ҳуҷҷатҳои ронандагиашон бо ҳуҷҷати ронандагии намунаи русӣ мӯҳлат дода нашавад. Тибқи лоиҳа дар сурати аз ҷониби ронанда вайрон карда шудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳуҷҷати байналмилалии ронандагиаш ба таври автоматӣ бекор карда мешавад.
Дар сурати қабул шудани ин қонун хурдтарин қоидавайронкунӣ ҳангоми ҳаракат дар роҳ метавонад барои бе кор кардани ҳуҷҷати ронандагии муҳоҷирон асос ё баҳона шавад.
"Аломати роҳро надид, дар чорроҳа ба тарафи дигар мошинро тоб дод, светофори сурхро гузашт, тамом, ҳуҷҷати ронандагӣ ба таври автоматӣ бекор карда мешавад” гуфтаанд муаллифони лоиҳа.
Лоиҳаи мазкур имрӯз аз ҷониби ЛДПР ба Дума пешниҳод шудааст. Дар сурати қабул шудани ин қонун аз ҷониби Думаи давлатии Россия ронандагони муҳоҷир танҳо баъди гирифтани ҳуҷҷати ронандагии Россия метавонанд дубора сари чамбараки мошин бишинанд.
“Дар кишвари мо зистан хоҳанд, пас бояд қоидаҳои ҳаракат дар роҳро, ки Россия ҷорӣ намудааст, ҳатман риоя намоянд”-гуфтааст яке аз муаллифони лоиҳаи қонуни нав Леонов.
Айни замон ба шаҳрвандони хориҷие, ки иҷозаи зист ё шаҳрвандии Россияро гирифтаанд як сол мӯҳлат дода мешавад, то ки ҳуҷҷати ронандагии дар кишвари худашон гирифтаро бо ҳуҷҷати ронандагии намунаи русӣ иваз намоянд. Тибқи қонуни нав дигар ба онҳо барои ивази ҳуҷҷатҳо мӯҳлат дода намешавад ва дар сурати содир намудани хурдтарин қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҳуҷҷати ронандагии муҳоҷир ба таври автоматӣ бе кор карда шуда, ронанда то ҳуҷҷати ронандагии Россияро нагирад, дигар наметавонад сари чамбараки мошин бишинад.
Ба гуфти муаллифони лоиҳа ҳадаф аз пешниҳоди қонуни нав пешгирӣ намудани садамаҳои нақлиётӣ ва дигар ҳодисаҳои нохуш дар роҳ мебошад.