arzon replenishment
Коронавирус боз ба Тоҷикистон баргашт
1227


Коронавирус-ин бемории ҳамагир, ки ду соли охир тамоми аҳли оламро ба ташвиш овардаву ҳеҷ чанголҳои тези худро аз гиребони банни башар раҳо намекунад, баъди чанд моҳи хомӯшӣ дубора ба Тоҷикистон баргашт.


Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад, ки шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 26 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст.
Аз оғози бақайдгирии COVID-19 то ба имрӯз дар кишвар 17180 нафар ба ин бемори гирифтор шуда, аз ин шумора 16971 нафар шифо ёфтаанд.
Дар хабар гуфта мешавад, ки пас аз се моҳи хомӯшӣ, санаи 21- январ якбора дар 23 нафар гирифторшавӣ ба коронавирус ошкор гаштааст, аммо Вазорати тандурустии кишвар мушаххас накардааст, ки дар миёни гирифторони коронавирус навъи омикрон, ки дар кишварҳои ҳамсоя ба қайд гирифта шудааст, ҳаст ё на.
Мувофиқи тавсияҳои Ситоди фаврӣ оид ба мубориза бо бемории COVID-19 талабот барои вуруд ба кишвар сахттар шудааст.Ҳамаи шаҳрвандоне, ки ба Тоҷикистон меоянд, барои пешгирии беморӣ аз ташхис мегузаранд.
Яке аз роҳҳои асосии пешгирии паҳншавии коронавирус эмгузаронӣ мебошад, аз ин рӯ аз тамоми сокинони кишвар хоҳиш карда мешавад, ки ҳарчи зудтар воксинаҳои зидди коронавирусро бигиранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД