Formula novemver 2024
Ишқи Нилуфар Сорбонро Маҷнун кард
15.01.2022
ОИЛА
1917

Тӯфони нигоҳи Нилуфар маро дар баҳри ишқ ғарқ кард. Оташи ишқ ончунон дарунамро месӯзонд, ки ҳатто оби баҳр ҳам хомӯшаш карда натавонист.

Чашмҳоям вақте чеҳраи зебояшро медид, дурахши хос ба худ мегирифт, гӯшҳоям лаҳзае садояшро мешунид, дигар ҳама ғалоғулаи дунёро намешунид, қалбам, вақте дар канораш буд, вуҷудамро оромиш фаро мегирифт. Таҳаммул кардани як рӯз бидуни Нилуфар бароям сахттар аз азоби ҷаҳаннам буд.
Аз ин набарди байни ақлу қалбам танҳо дӯсти наздикам Суҳроб огаҳ буд ва вақте заҷр кашиданамро медид, мекӯшид кӯмакам кунад. Тасмим гирифтам ҳама чизро барояш ошкор намоям, аммо вақте ба наздаш рафтам, ба ишқам эътимод накарда баҳори зиндагиро бароям хазон кард. Баъд аз ин ҳама аҳли синф ва мактаб аз ишқи пуршӯри Сорбон ва Нилуфар огоҳ гаштанд ва лақабамро Қайс гузоштанд. Нилуфар бо донистани ин ки чашмамро ҳатто як лаҳза аз ӯ барнамедорам ва барои муҳофизат аз ӯ борҳо дар ҷаҳду даъвову набард будаам, бозам маро нодида мегирифту аз ишқам гузар мекард, вале шӯри дилам иҷоза намедод думболаш нагардам, фаромӯшаш кунам. Бо гузаштани 3-сол Нилуфар ишқамро дарк кард, аммо ҳеҷ гоҳ шоҳиди ишқи ӯ нисбат ба худам набудам. Ҳамеша мутаваҷҷеҳи Нилуфар будам ва кӯшиш мекардам аз ӯ муроғибат кунам. Дар моҳи шарифи Рамазон, баъд аз фитри рӯза Нилуфар ба кӯча баромада менишаст ва ман низ дуртар аз ӯ менишастаму чашм аз сурати зебояш намекандам. Ҳар лаҳзае, ки ман ба ӯ нигоҳ мекардам ва ё дар канораш менишастам, аз шарму ҳаё дигаргун шуда, дурӣ меҷуст ва ба назари ман маҳбубтар ба чашм мехӯрд. Шабонгоҳе модарам аз кор баргашта маро дар кӯча дид ва сабаби дар ин дервақтӣ дар кӯча буданамро пурсид. Бо ҳазл гуфтам, мутаваҷҷеҳи келинашам. Модарам бо табассум ба хона рафт.
Рӯзе бо ҳамсинфон ба сайри боғ рафтем. Вақти бо дӯсташ Мавлуда ҳарф мезад, шунидам, ки андаке гурусна мондааст. Дар боғ хӯрокворӣ ёфт намешуд, сарамро ба сад дар зада барояш ширинии лазизе пайдо кардам, аммо ғурураш иҷоза надод, ки ҳатто ҳамин ҳадяи кӯчакро аз банда қабул намояд. Худовандро шояд бар ман раҳм омад, ки борони шадиде борид ва мо, ҳама аз борон панаҳ ҷустем. Бо амри тақдир ману Суҳробу Мавлудаю Нилуфар зери як сақф давидем, то худро аз борон панаҳ созем. Он рӯз ман бори аввал таппиши қалби Нилуфарро аз наздик шунида, бо табъи болида ба хона баргаштам. Акнун ҳар саҳар танҳо ба хотири дидани ӯ ба мактаб мерафтам ва мунтазири як нигоҳаш менишастам. Борҳо таъкид менамудам, ки ӯ нимаи ман ва ҳолу ояндаву тамоми зиндагиам бо ӯ пайванд аст, аммо яхи ғурури Нилуфар ҳеҷ об нашуд, ки нашуд…
Ман хуб медонам, ки дар синни 16-солагӣ ин ҳама дарду ранҷро таҳаммул кардан ва аз ишқ заҷр кашидан чӣ қадар дарднок аст, чун ҳамаи марҳалаҳои ишқро бо қалби захмӣ пушти сар кардаам. Се сол аст, ки мисли шамъ месӯзам, аммо ишқи парвонаро эҳсос накардам. Намехоҳам бо ин ҳама сӯзу гудозе, ки дар дил дорам, тақдир маро аз ту ҷудо кунад, Нилуфар! Умеду рӯъёи ман барои ояндаи наздик ин аст, ки рӯзе хотираҳои ширини ишқамонро ба фарзандонамон қисса кунем, вале…
Дар ҳоле, ки аз ишқ заҷр мекашидам, асабониятамро болои дигарон нишон дода, инсонҳои зиёдеро захмӣ кардам ва барои рафторҳои беадабонаам оилаам тасмим гирифтанд маро барои идомаи таҳсил ба Хуҷанд фиристанд. Вақте фикри ҷудоӣ аз ту ба сарам мезанад, девона мешавам, аммо чораи дигар надорам. Намедонам чӣ иштибоҳи бузургеро муртакиб шудам, ки бояд товоне ба ин сахтӣ бозпас диҳам. Айни ҳол вазъият таврест, ки шароитро маҷбурам бипазирам. Шояд ин ҷудоӣ ҳам имтиҳонест аз ишқ. Ҳикмати Худованд дар ин ҷудоӣ ба салоҳи ҳар дуи мост. Барои ин ки дубора ва барои ҳамеша ба наздат баргардам, аз наздат меравам Нилуфар. Аз ишқам муроғибат кун ва мувозиби қалбам бош, чун фақат ҷисмам аз ту дур мешавад, на руҳам. Худо нигаҳдор!
Сорбон, касе ки ҳамеша дар умқи қалбаш макони хос доштӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД