formula feb 2025
Зулфия баъди 20 сол падару модари аслиашро ёфту... (ҚИСМИ 1)
1784

Зулфия дар курси охирини Донишгоҳи тиббӣ таҳсил мекард. Рӯзи охирини таҳсил ҳама хушу хурсанд буданд, ба ҷуз ӯ. Чунки модараш дар бистари марг буд. Табибон гуфтанд, ки саратони меъда табобат надорад, шояд як ҳафтаи дигар умр бинаду халос.

Зулфия намехост ба донишгоҳ равад, аммо модар зориаш кард, ки вақти гирифтани диплом аст, бояд равад. Як тарафи дилашро гургон талла мекарданд. Соли гузашта падараш аз бемории фишори хун вафот карда буд. Акнун модараш бемории онкологӣ дорад.

Зулфия мехост дод зада бигиряд. Аммо ашки чашмонашро пок карду аз саҳни донишгоҳ тез-тез қадам монда, ба сӯйи истгоҳ рафт. Мехост ҳарчи зудтар ба деҳа биравад. Модарашро се рӯз пештар табибон аз беморхона ҷавоб дода, гуфтанд, ки хеле хаста аст, бояд каме ором шавад. Аммо дар танҳоӣ ба Зулфия гуфтанд, ки ягон чорае нест, бемор ақаллан осуда шавад. Чунки аз доруву сӯзандору безор шуд.

Зулфия ӯро бо зани ҳамсоя монду худ ба донишгоҳ омад субҳи солеҳон. Акнун ба хона бармегашт.

... Худоё, очаҷонамро нигах дор! Шифои комилаш бидеҳ! Бидуни модар зиндагӣ бемаънист, мемурам барояш.

Оҳ, очаи хӯшруяме...

Ба ҳавлӣ даромаду давида сари болини модар омад:

- Очаҷон, ассалому алайкум!

- Салом духтарҷон,- зери лаб посух дод модар.- Духтарам, ба холаат гӯ равад дам гирад.

Зулфия аз зани ҳамсоя, ки ниҳоят одами хубу меҳрубон буд, изҳори миннатдорӣ карду ӯро то дами дар гусел кард.

- Очаҷон, чӣ пазаматон?

- Серам, пешам бишин, аз дидори ширинат сер шавам.

- Очаҷон, мабодо гушна набошед?

- Не, духтарам, худат гушна бошӣ, дар дег шӯрбо. Занаки ҳамсоя пухт, ман як-ду қошуқ хӯрдам, ниҳоят бомазза.

- Очаҷон, дӯстатон медорам.

Зулфия модарашро хам шуда бо меҳр бӯса карду гуфт:

- Итарӣ оча кӣ дора? Мири дунё надора.

- Эҳ, духтари бамеҳракам. Медонӣ, духтарҷон, ман мемирам, ту бояд мардонавор инро қабул намоӣ.

- Не, очаҷон, калимаи мурданро ба забон наоред. Иншоаллоҳ сиҳат мешавед.

- Кошкӣ, духтарам, тӯйи арӯсиатро медидам.

- Иншоаллоҳ, очаҷон. Боз рақс мекунед.

- Духтарҷон, ба гапҳоям бодиққат гӯш кун. Ману падарат 15 сол зиндагӣ карда, соҳиби фарзанд нашудем. Аммо падарат нахост аз ман ҷудо шуда, зани дигар бигирад. Айб дар ман буд, вале мо ишқи ҳақиқӣ доштем. Мо ба ҷустуҷӯйи зане баромадем, ки бо сабабе тифлашро ба хонадоне доданист. Як шиноси падарат гуфт, ки як хонаводаи камбизоат аст ва панҷ духтар доранд, падари хонавода аз занаш талаб кардааст, ки “ё писар мезойӣ, ё духтар таваллуд шуд, ба ягон кас медиҳӣ. Хоҳӣ, ки ман туро сар надиҳам, аз гапам намебароӣ. Агар духтар таваллуд кардиву ба хона овардӣ, ту ба ман сета талоқ”. Табибон гуфтанд, ки эҳтимолан тифл боз духтарча аст. Модари духтарон гуфтааст, ки агар оилаи хуби бефарзанде ёфт шавад, кӯдакро медиҳад. Азбаски падарат заргари номӣ буду ҳама мешинохтанд, баъди таваллуди ту ҳатто сардухтури таваллудхона ягон норозигӣ накарду бо розигии падару модари биологиат туро ба мо доданд.

- Чӣ...

- Духтарам, гӯш кун. Баъд падарат ба ин оилаи камбағал хонаи дар деҳа будаашро туҳфа карду мо баъди туро гирифтан кӯчида ба маҳаллаи Буни Ҳисораки пойтахт омадем.

- Очаҷон... Ин ягон филми туркӣ аст, ки нақл доред?

(Давом дорад)

Шаҳлои НАҶМИДДИН

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД