arzon replenishment
ЗӮРИ ШАВҲАРАМ БА ХӮРОНДАНИ СЕ ФАРЗАНДАШ НАРАСИД
5048

 

 Мехоҳам аз шумо дар як масъалаи ҳаётан муҳим маслиҳат пурсам, зеро дар чорсӯи зиндагӣ танҳою ҳайрон мондаам. Ману шавҳарам зиндагии хуб доштем, вале таъмини се фарзанд душворӣ намуду падари бачаҳоям роҳи Русияро пеш гирифт, то маишати зиндагиамонро таъмин намояд. Аввалҳо тез-тез занг мезад, вале баъдтар бе ному нишон шуда монд.

Дигар на пул мефиристоду на мепурсид, ки зану фарзандонаш зиндаанд ё мурда. Хушдоманам ману фарзандонамро дар “гумном” шудани писараш гунаҳкор намуда, аз хона ронд. Ночор бо чашми гирён ба хонаи волидонам омадам ва инак, чанд сол аст, ки бо бачаҳоям дар ин ҷо зиндагӣ дорем. Шавҳарам на ҷавобамро додааст, на занг зада аз худ хабар медиҳад. Дар тӯли ҳамин қадар сол як тини пучакашро надидаам.

Ба хотири се фарзандам ба ҳамааш тоқат мекардам, то бачаҳоям зиндаятим нашаванд, вале хабари чанд рӯз пеш шунидаам як аламамро сад алам намуда маро ба навиштани ин нома маҷбур кард. Як ҳамсояи наздики хушдоманамро тасодуфан дар роҳ вохӯрда, фаҳмидам, ки шавҳарам аз Русия баргашта аз шаҳр хона харидааст. Ростӣ, дилам аз оламу одам монд, наход падар баъди қариб даҳ соли дурӣ аз фарзандон ба Ватан баргардаду як маротиба напурсад, ки зану бачаҳои ман дар хонаи бобояшон чӣ ҳол доранд, дар ин муддати тӯлонӣ чӣ хӯрданду чӣ пӯшиданд. Подоши солҳо роҳ поидани ман магар ҳамин аст?!

Сарам аз фикру андешаи зиёд тамоман гиҷ шудааст, гоҳо худ ба худ мегӯям, ки шояд шавҳарам дар Русия зани рус дорад, вале маро дигар дӯст надорад ҳам, бачаҳояшро бояд ёд ва суроғ мекард-ку! Дар байни обу оташ мондаам. Намедонам чӣ кор кунам.

Шаҳрияи азиз! Умеди ман акнун танҳо ба шумост. Аз касоне, ки сарнавишташон ба ҳаёти ман монанд аст, хоҳиш мекунам, ки роҳи ҳалли ин масъалаи ҳаётиро бигӯянд. Боварӣ дорам, ки маслиҳати судманди худро аз мани ҳайрону зор дареғ намедоред!

Шаҳрӣ, аз ш. Душанбе

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД