Arzon march 2024
Зодрӯзи ровии ҷавонмарг
1702

”Худо раҳмат кунад дӯст ва бародари маро, ки имрӯз зодрӯз дорад. Пеш аз маргаш тақрибан се моҳи охир ҳама вақт ҳар бегоҳ баъди тӯю маърака ва чорабиниҳо мо бо ҳам дар ягон ҷо нишаста, суҳбат мекардем ва ӯ аз орзуҳояш, аз розҳои дилаш, аз нақшаҳои эҷодиаш ҳарф мезад.

Ҳамеша дар фикри кор буд, вале оилаву фарзандашро сахт дӯст медошт. Мудом “духтарҷони ман калону донояк шудааст” гуфта, духтарчаашро бо ифтихори падарона таъриф мекард. Соли гузашта дар кушодашавии тарабхонаи “Наврӯз” дар як конкурс иштирок кардему Фаридун ғолиб баромад. Туҳфа роҳхати 10 рӯза ба истироҳати “Хоҷа Оби Гарм” буд. Раҷ Аҳмад дар он чорабинӣ ровӣ буд ва ба Фаридун рӯ оварда гуфт, ки ин ҷо бонувони зебои зиёде ҳастанд ва шумо метавонед ин роҳхатро ба яке аз онҳо тӯҳфа кунед. Фаридун дар ҷавоб гуфт, ки албатта ман ҳамаи занон ва бонувони азизро дӯст медораму ҳурмат мекунам ва онҳоро ранҷондан намехоҳам, вале ман дар ҳаёти худ як зани бузургворро дорам, ки бениҳоят дӯсташ медорам ва мехоҳам инро ба он нафар супорам.

Албатта, ин шахс модараш буд. Ҳамин тавр, Фаридун дар васфи модар чунон суханоне гуфт, ки ҳамаи иштирокчиёни чорабинӣ гирён шуданд. Ҳамаи хотиротҳои худро аз Фаридун қисса кунам, як китоб мешавад, вале танҳо ҳамин қадар гуфтаниам, ки Фаридун Хайруллозода бениҳоят инсону хубу хоксор ва ҳалиму меҳрубон буд. Ҳамаи занонро чун модару хоҳари худаш дӯст медошту ҳурмат мекард. Ҳамеша маро дилбардорӣ карда мегуфт, ки Тилофат, ту зани мардонадил ҳастӣ, бе шавҳар ду фарзандро калон карда, тавонистӣ барои худат ҳам карйера созӣ. Аҳсан ба ту! Чанд рӯз пеш аз маргаш дар як тӯй будем, ки модараш занг зад. Фаридун гуфт, ки очаҷон, ҳамон Тилофате, ки ҳамеша ба шумо таърифашро мекунам, ҳоло ҳамроҳи ман дар як маърака аст ва телефонро ба ман дод. Модараш хеле хурсанд шуда гуфт, ки ман ба наздикӣ ба Тоҷикистон меояд ва ягон хӯроки болаззат мепазам, баъд ҳама сарҷамъ шуда, дами бе ғам мезанем, вале насиб набудааст. Модар ба Ватан нарасида, Фаридун бо дили пурормон аз ин дунё рахти сафар баст.

Фаридун умри кӯтоҳ дида бошад ҳам, номи худро дар дилу дидаи ёру дӯст ва мухлисонаш ҳаккокӣ карда рафт. Ин на ба ҳар кас муяссар мешавад.
Дар ҳақиқат, Фаридун хеле ҷавон аз дунё гузашт, аммо хандаҳои зебояш, хотироти некаш ва одамгариаш абадан дар ёди ёру дӯстон ва мухлисони садои дилнавозаш хоҳад монд. Дуо мекунем, ки ҷояш ҳамеша биҳишти ҷовидон бошад!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД