Моҳигул духтур ва ҳамшераи шафқатро, ки аз мошини «Ёрии таъҷилӣ» поин шуданд, бо дидаи ашкбор ва чеҳраи ғамангез пешвоз гирифт.
- Бемор дар куҷо? - раҳораҳ пурсид духтур.
Моҳигул "Дар ин ҷо"-гӯён пеш гузашт ва ба онҳо роҳ нишон дода, табибонро назди бемор овард.
Холаи Саломат дар як кунҷаки хона беҳолу бемадор рӯйи ҷогаҳи беморӣ хобида, базӯр-базӯр нафас мекашид. Кампир аз шиддати дард ба худ мепечид. Вай ба одамони омада ҳатто нимнигоҳе ҳам накарда, бо сӯзишу дарди худаш овора буд. Духтур кампирро ташхис карда, сӯзандорӯ гузаронд ва ба чашмони Моҳигул, ки умедворона ба сӯяш дӯхта шуда буданд, нигариста пурсид:
- Ин кас модаркалон мешаванд?
- Ҳа, бибиҷонам,- осемасар ҷавоб дод Моҳигул.
-Бибиятонро ба беморхона бурдан лозим, духтарҷон,-шаф-шаф накарда якбора шафтолуи гапр гуфт табиб.
Аз ин хулосаи духтур дасту пойи Моҳигул ба ларза даромад ва бари ҳолаташро пинҳн доштан дасти бемадори бибияшро ба кафаш гирифта, молиш додан гирифт.
-Дар хона ба ғайр аз шумо боз ягон одами калон ҳаст?-пурсид табиб, вале ба ҷоҷи ба саволи духтур ҷавоб додан Моҳигул бо нигоҳи илтиҷомез ба ӯ нигариста, пурсид:
-Духтурҷон, ҳолати бибиям бисёр вазнин аст? Росташро гӯед, бибиҷонам шифо меёбанд? Мақсад аз пурсиданам он аст, ки ба ғайр аз бибиҷонам ман дигар касе надорам....
Духтур ба чашмони ашколуди духтарак нигариста гуфт:
-Хоҳарам, росташро гӯям, ҳозир ман чизе гуфта наметавонам. Беморро ба беморхона бурда, дурусттар ташхис кунем, баъд маълум мешавад...
Ҳамин тавр кампирро бо замбар ба мошини "Ёрии таъҷилӣ" бор карданд ва мошин бо садои гӯшхарош ба худ роҳ кушода, ҷониби беморхона равон шуд. Аҳволи холаи Саломат ниҳоят вазнин шуда, танҳо ҳазён мегуфт. Моҳигул дастони бемадори бибияшро молиш дода, бо алам гиря мекард ва худоро зорӣ менамуд, ки раҳми ӯро хӯрда, ба кампири бибиаш шифои комил диҳад...
ххххх
Шаби тираву тор, ки ба назари духтар аз як сол ҳам дарозтар намуд, ниҳоят саҳар шуда, садои бонги хурӯс ба гӯш расид. Моҳигул осемасар дасту рӯяшро шуста, чолокона либосашро иваз намуд ва роҳ ҷониби беморхона пеш гирифт, то аз ҳоли бибиаш хабардр шавад. Вай аввал ба назди духтури табобатии холаи Саломат даромад.
- Биёед хоҳарам, биёед,-табиб ӯро бо чеҳраи кушода пешвз гирифт.
- Салом духтурҷон. Ман набераи Саломат Содиқова ҳастам.
-Марҳамат шинед,-курсиро нишон дод духтур ва худаш дар рӯ ба рӯйи ӯ нишаста гуфт:
-Хоҳарам, мо духтурон ба рӯйи рост гуфтан одат кардаем, барои ҳамин чизе ки мегӯям, ба дилатон нагиред. Вазъияти бемор чи хеле бошад, мо вазифадорем, ки ҳақиқатро ба хешу ақрабояш бигӯем. Аз рӯйи шуниди ман бибиятон ба ғайр аз шумо дигар касе надоштааст, ҳамин тавр?
-Модар дорам, аммо аз мо дур зиндагӣ мекунад,-Моҳигул инро гуфту чеҳрааш дигаргун шуд. Духтур кунҷковона пурсид:
- Ба модаратон занг занед, намеояд?!
-Ман рақами телефони модарамронадорам,-базӯр ғурунгос зад духтар.
Моҳигул дар ҳақиқат натанҳо рақами телефон, балки ҳатто дар куҷо зиндагӣ кардани модарашро намедонист, вале охир чи тавр инро ба як дами ношинос мефаҳмонӣ...
Духтур авзои Моҳигулро пай бурда, гапро ба дигар тараф бурда гуфт:
-Хайр, ҳеҷ гап не, ба Шумо низ метавонам дар бораи бемории бибиятон гӯям. Хуллас, бибиятон ба бемории сил гирифтор шудааст ва бояд ҷиддӣ табобат бигирад...
Аз шунидани ин сухани духтур гӯё аз болои сари Моҳигул як сатил оби сард рехта бошад, дасту пояш ба ларза даромад, зеро тасаввур ҳам намекард, ки ин беморӣ табобатшаванда бошад. Гапҳои духтур ба Моҳигул чунин намуданд, ки умри бибиаш ба поён расидаву ба Ҳақ пайвастанаш наздик аст. Вай худро дошта натавониста ҳунгосзанон инони гиряро сар дод.
-Хоҳарам, рӯҳафтода нашавед, ғайр аз марг дигар ба ҳама дард даво ҳаст. Ҳозир илми тиб нисбат ба солҳои пешин хеле пеш рафтааст ва бо ёрии дорӯву давоҳои замонавӣ бисёриҳо аз касалии сил шифо меёбанд,-моҳигулро дилбардорӣ карда гуфт духтур.
Ин сухани духтур ба қалби Моҳигул каме оромиш бахшиданд ва оҳи сарде кашида пурсид:
-Духтурҷон, росташро гӯед, бибиямро табобат карда мешавад? –Мо, табибон аз дастамон чи коре, ки биёяд, барои шифо ёфтани бибиатон албатта мекунем, вале барои ин вақт ва сабру тоқат лозим аст. Мушкили дигар он аст, ки на ҳамаи дрӯву дармони барои табобати сил даркорӣ дар беморхона вуҷуд дорад, баъзе дорӯҳоро фармоиш додан лозим меояд, чунки хеле камёб ва қимматбаҳоянд...
-Духтурҷон, чи дорӯву дармоне, ки барои табобати бибиҷонам лозим бошад, аз зери замин бошад ҳам, ман ёфта мебиёрам, фақат шумо коре кунед, ки зинда монанд, чунки ба ғайр аз бибиам мани сарсахт дигар ягон пушту паноҳ надорам,-илтиҷо намуд Моҳигул.
-Духтарҷон, дорӯҳе, ки ман мегӯям, чунон ёфтанашон душвор аст, ки ногуфтанӣ. Аксари он дорӯҳро аз кишварҳои дигар, аз хориҷа тибқи фармоиш меоранд...
-Духтурҷон, ошкоро гап занед, барои табобати бибиам чи қадар маблағ лозим мешавад?
-300000 сӯм (ӯзбекӣ) биёред кифоя аст...
Бо шунидани ин гап лаҳзае дами Моҳигул дарун зад, охир ин қадар маблағи калонро вай чи хел меёбад....
(Давом дорад)
(Тарҷума аз ӯзбекӣ)