arzon replenishment
Зиндагӣ бо марди номаҳрам ба дӯзах мебарад?
905

Шавҳари ман мисли дигар мардҳои тоҷик бо муҳоҷират зиндагиамонро пеш мебарад. Аз дурии роҳпоӣ дилгир шуда, ду моҳ пеш ба назди шавҳарам омадам. Азбаски маблағи иҷорапулӣ хеле қимат аст, мо дар як сехонагӣ ҳамроҳи дигар муҳоҷирони меҳнатӣ зиндагӣ карда истодаем.

Дар як ҳуҷра ману шавҳарам, дар ҳуҷраи дуюм занҳои узбек ва дар ҳуҷраи сеюм чанд марди муҳоҷири тоҷик зиндагӣ мекунанд. Дар чунин шароит хоҳ-нохоҳ дар назди мардҳои бегона гашту гузор карданат рост меояд. Падару модарам маро ҷанг карда мегӯяд, ки ба Тоҷикистон баргардам, чунки дар як хона бо мардҳои номаҳрам зиндагӣ карда, гуноҳи азим мекунам ва барои ин, Худованд дар он дунё маро ба оташи сӯзони ҷаҳаннам мепартояд. Мехоҳам донам, ки ин гапҳо то куҷо асос доранд?

Сайрам,

ш. Екатеринбург

Посухи домулло Ҷамолиддин Хомӯшӣ

Гапи модаратон асос дорад. Дар ин ҷо айби шавҳаратон аст, ки нафақаи шуморо таъмин карда натавониста ба ин ҳолат гирифтор кардааст. Дар вақти никоҳ мард огоҳ карда мешавад, ки дар давоми шаш моҳ ду шартро риоя кунад, аввал нафақаи занро таъмин намояд ва баъдан бе ягон узр ӯро шаллоқ назанад.

Мутаассифона, на ҳамаи мардон ин шартҳоро риоя мекунанд. Шавҳаратон, агар дар шаш моҳ як маротиба ба назди шумо ояд, беҳтараш ба Ватан баргардед, зеро дар байни мардони бегона гаштугузор намудани зан ҷоиз нест.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД