Фалокати зери по
Шамсия ҳамроҳи Наташа субҳи барвақт ба кор мерафту бегоҳ хаставу лакот бармегаштанд. Кори онҳо шустану тамиз кардан ва ҷо ба ҷо гузоштани зарфҳо буд.
Наташа модаркалоне дошт, ки дар канори Маскав зиндагӣ мекарду омўзгор буд ва дар давраи таътил ҳамроҳи дугонааш дар хонаи онҳо мезист.
Тақдири Наташа ва Шамсия қариб як хел буд, падару модари ў низ дар садамаи нақлиётӣ фавтида буданд. Модаркалони меҳрубон дугонаи духтарашро дўст медошту нисбати ин ятимаки ғариб меҳрубон буд.
Як бегоҳӣ ҳангоми бозгашт мошине, ки Наташаву Шамсия дар он савор буданд, ба мошини боркаше бархӯрду садамаи даҳшатборе рўй дод. Дар ин садама Наташа ҳалок шуду Шамсия бошад, осеби сахт бардошта, аз пойи равон монд. Вақте ўро аз беморхона ҷавоб медоданд, намедонист ба куҷо равад. Хост ба донишгоҳ рафта, аз ҷавонони тоҷик мадад ҷўяд, вале ўро Зоя-хола - модаркалони Наташа ба мошине шинонда, ба хонаи худаш бурд. Кампир ба Шамсия гуфт:
- Духтарам, ман ба модари ту барқия фиристодам, ки духтарат дар садамаи нақлиётӣ ҳалок шуду мо ўро ҳамин ҷо гўрондем. Ту бо ин маъюбияте, ки бардоштаӣ, ба ҳеҷ кас даркор нестӣ, аммо ман туро ба ҷои Наташа мепазираму нигоҳубину табобат мекунам ва чизе, ки дорам, ба ту медиҳам.
Шамсия дигар илоҷ надошт, Зоя-хола рост мегуфт, ў маъюб буду дарди сари янгаи сағирабонаш гаштан намехост. Духтар аз зиндагӣ дасту дил шуста, ба аробачаи маъюбӣ дил баст. Ҳунари дарздӯзӣ, ки дошт, оҳиста-оҳиста бо фармоиш куртаҳои зебо медӯхту пули хуб меёфт. Ўро фақат ёди азизонаш дилтанг мекард.
Ситораи бахт
Бо даводави Зоя-хола як ташкилоти байналмилалӣ ба Шамсия квотаи табобат дар Олмонро дод ва духтарак дар қатори чор маъюби дигар ба Олмон рафт. Як сол он ҷо ҳам табоабт гирифту ҳам забони олмониро омўхта, ба назди Зоя-хола баргашт. Шамсия, ки акнун барои атрофиён Шура буд, ҳуҷҷатҳояшро ба шуъбаи ғоибонаи Донишгоҳи педагогӣ супурда, дар мактаб ба кор даромад. Ў аз забони олмонӣ дарс мегуфт, курта медӯхт, агар каме лангиданашро ба назар нагирем, дигар аз ягон чиз камӣ надошт. Хостгорони зиёде дошт, аммо ҳеҷ гоҳ намехост шавҳари бегона кунад, дар динаш устувор буд ва болои ҷонамоз аз Худо зорӣ мекард, ки ўро ба дидори азизонаш расонад.
Зоя-хола ба бемории даҳшатбори саратони меъда гирифтор гашт. Шамсия ўро ба Олмон бурд, духтурон умрашро ду сол дароз карда тавонистанду халос…
Баъди марги модархондаш Шамсия ҳавлии калону барҳавои ў ва як мағозаро, ки иҷора дода будааст, ба мерос гирифт. Духтар мехост дар ҷойи мағоза дӯкони дӯзандагӣ бунёд созад. Бо ҳамин андешаҳо ба ҳавлияш расид, ки пушти дар ҷавони қоматбаланди зебоеро диду бо русӣ салому алейк кард. Ҷавон гуфт:
- Дар ҳамин хона зане зиндагӣ мекардааст, бо номи Зоя Ивановна, ана ҳамон зан ба мо барқия фиристода буд, ки апаамон вафот кардаасту ўро ҳамин ҷо гӯронидаанд. Ман мехоҳам қабри апаамро дида, агар тавонам устухонҳояшро ба ватан барам.
Бо шунидани ин ҳарфҳо Шамсия аз ҳуш рафт. Чун ба ҳуш омад, болои сараш ҳамон ҷавон ва ҳамсояашон, дугонаи модархондаш Зина-холаро дид. Шамсия ба худ омада, ҷавонро ба оғўш кашиду бо забони худаш садқаву банда шуд, “Абдуллоҷони апаш, мемирам дар ту”. Ҷавон мегиристу мегуфт: “Апа, ман Хайруллоям”.
Бозгашт аз он дунё
Хайрулло як ҳафтаи дароз ба апааш гуфт, ки модараш баъди шунидани марги ў ба бемории дил гирифтор шудааст. Бародари калонӣ дар мактаби деҳа директор асту зан гирифтааст, ман тоҷирам, ду додари дигарам донишҷў…
Хайрулло апаашро гирифта, ба деҳа бурд, чӣ суре барпо шуд, янгааш нолаҳои зор мекард, писаронашро ҷанг мекард, ки чаро шумо пештар апаатонро кофтанӣ нарафтед?!
Шамсия ду моҳ аз ҳавои деҳа нафас кашиду баъд модарашро гирифта, ба Маскав баргашт. Баъди як соли ин дидори бузург ба ў як ҳамсинфаш, ки занаш сари фарзанд рафта буд, хостгор шуд ва онҳо хонадор шуданд. Ҳоло онҳо зиндагии бофароғате доранд.
Шамсия танҳо муаллимӣ мекунад, шавҳараш ба тиҷорат машғул аст. Шамсия соҳиби як писару як духтар гашт, азобҳои дар ҳаёт кашидаашро Худованди бузург ба хушбахтӣ табдил дод. Ў ҳамеша аз Зоя-хола миннатдор аст ва гўри ўву Наташаро мисли бўстон сабз нигоҳ медорад. Қиссаи зиндагии худро чун афсона ба фарзандонаш Бахтовару Дилдора нақл мекунад.
Аҷаб дунёст ин дунё…
Нисо ХОЛИД