Sebiston new 2024 october
Зиндагӣ баъд аз марг (ҚИСМИ 3)
1624

Дар боли орзуҳо

Волидонаш аз муваффақияти духтари азизашон хеле хурсанд буданду бо сад ҳазор умеду армон ўро ба Маскав гусел карданд. Шамсияро тағояш, ки ўро падар меномид, зуд-зуд ба сари қабри волидонаш мебурд, вале пеш аз сафар ў пинҳонӣ танҳо ба сари қабри волидонаш рафт. Ў байни қушагўр истода, бо ашки шашқатор гўё бо одамони зинда гап мезада бошад, гуфт:

- Салом падарҷони азиз ва модарҷони аз дунё чизе надидаам. Ман шуморо ёд дорам, шуморо падарҷон, ки хеле эркаам мекардед, бехи гўшам ҳар гуна ваъдаҳо медодед, шуморо модарҷон, ки бо куртаи сафеди парпаргиребон аз дастакам дошта, ба кўча мебаромадед. Ман хеле хурд будам, ки шумо маро тарк кардед, вале бибиям, тағою янгаам маро азизи дилу дида карда, ба воя расонидаанд. Инак, сафар дорам, ба диёри ғурбат, ба диёре, ки он ҷо касеро намешиносам, ба шумо ваъда медиҳам, ки касби шуморо омўхта, давоми умри шумо хоҳам гашт…

Акнун Шамсия рўи болҳои нуқрагуни тайёра бо сад андеша ба шаҳри дуру ношиносе парвоз дошт ва намедонист он ҷо ўро чӣ сарнавиште интизор аст, вале орзу дошт, ки аз он ҷо соҳибкасб шуда бармегардад…

Дар Маскав

Маскав духтараки пурорзуи тоҷикро бо ҳамон шӯру ғавғои ба худ хос пешвоз гирифт, ў ҳамон рўз донишгоҳро ёфта, дар хобгоҳ ҷой гирифт ва ба волидонаш занг зада, онҳоро хотирҷамъ намуд. Дар гурўҳе, ки ў таҳсил мекард, ягон тоҷик набуд, вале Шамсияи дилрабою хушзабон ба зудӣ дар дили ҳамсабақони гуногунмиллату гуногунмазҳабаш ҷо гирифт. Аз ҳама бештар ба Шамсия Наташа ном духтари рус маъқул афтод ва онҳо зуд ба ҳам унс гирифтанд. Дугонаҳои ба ҳам қарину роздон дар як ҳуҷра зидагӣ мекарданду дар пушти як парта менишастанд. Шамсия байни ҳамсабақон бо гесўвони марғуладори дароз ва ҳусни нотакрораш фарқ карда меистод. Ошиқонаш зиёд буданд, вале ишқ ба дарҳои дили ин духтараки хушахлоқ то ҳол панҷа назада буд. Ҷавонони тоҷике, ки дар курсҳои болоӣ мехонданд, аввалҳо дили ўро ба даст оварданӣ шуда, рақамҳояшро гирифта, барояш паёмакҳои ошиқона мефиристонданд, вале ҷиддӣ будани зебосанами ҳамдиёрашонро дида, ўро ба ҳолаш гузоштанд. Аммо зуд-зуд аз ў аҳвол пурсида, хабараш мегирифтанд, волидонаш барояш ҳар моҳ маблағи муайян мефиристоданд, аммо Шамсия хубу аъло хонда, идрорпулии хубе мегирифт.

Хулоса, дар Маскав духтар азобе надошт, ҷуз ғами дурӣ аз волидон ва додаракони меҳрубонаш, ҳарчанд зуд-зуд бо онҳо тамос гирифта, суҳбат мекард, аммо хумораш намешикаст…

Шикасти дил

Шамсия бисёр мехост, ки таътил фаро расаду ў ба ватан баргашта, занги пазмонию хуморашро шиканад, аммо гардиши ногаҳонӣ ва бераҳмонаи қисмат дили ўро шикаст. Духтар соли аввали хонишро бо баҳои хубу аъло ҷамъбаст карда, ба хона рафтанӣ буд, ки янгааш ба ў хабари бемории тағояшро расонид. Шамсия оҷилан ба ватан баргашт, тағои азизаш, ки як умр барояш чун падар ғамхор буду духтар ўро бо муҳаббати зиёд дадаҷон меномид, дар бистари марг қарор дошт. Бемории дил оқибат падари дувумашро низ аз ў ҷудо кард. Баъди додани маъракаи чили падар Шамсия азми Маскав кард, зеро Наташа аз мусибати ба сари дугонааш омада бохабар шуда, ба ў маблағ фиристода, гуфт, ки ба Маскав биёяд. Шамсия огаҳ буд, ки хешовандони Наташа дар Маскав тарабхона доранду дугонааш дар давраи таътил бо онҳо кор мекунад, акнун ба модару додараконаш бори гарон будан нахоста, духтар бо дили шикаста азми Маскав кард. Модараш ҳангоми хайрухуш ўро насиҳати зиёде карда, гуфт, ки худашро эҳтиёт кунад. Шамсия бо чашмони ашкбор ба салони тайёра дохил шуд.

Нисо ХОЛИД

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД