Sebiston new 2024 october
Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад
720

 

Субҳи имрӯз саҳни театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнии пойтахт базмгоҳро мемонд.

20240306_102549

Даста-даста занону духтарони атласу адрас ва чаканпӯши тоҷик бо табъи болидаю лабони пурханда ҷониби театр мерафтанд.

20240306_103501

Дастаи карнайнавозон бонувонро бо садои дилфиреб ва мутантани карнаю сурнай ба чорабинии бошукӯҳи идона, ки бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Тоҷикистон ба ифтихори “Рӯзи Модар”баргузор гашт, гӯиё хайрамақдам мегуфтанд.

20240306_113832

Дар даромадгоҳи театр беҳтарин асарҳои рассомони тоҷик дар мавзӯъи зан-модар ба маърази тамошо гузошта шуда, гӯшаи дигарро гулдӯзию зардӯзӣ, гӯшвораю ангуштарину гарданбандҳои мунаққаши нуқрагин ва дигар намунаҳои ҳунарҳои миллии тоҷикона зебу зиннат медоданд...

20240306_113932
Чорабинии бошукӯҳи идона, ки “Зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад” унвон гирифтааст, бо як саҳнаи зебои фарҳангӣ оғоз ёфта, пасон Дилрабо Мансурӣ, муовини Сарвазири мамлакат ҳозирин ва дар симои эшон тамоми модарон ва занону духтарони тоҷикро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо “Рӯзи Модар” табрику муборакбод гуфт.

20240306_105140

Мавсуф зимни суханронии хеш қайд намуд, ки дар сатҳи ҳукуматӣ ҷашн гирифтани “Рӯзи Модар” нишонаи эътибор ва эҳтироми зиёди давлат ва ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба Зан-Модар буда, бонувони тоҷик дар баробари ҷавонмардони бо нангу ори кишварамон пайи ободии Ватан ва нангу номуси ватандорӣ дар тамоми ҷодаҳо заҳмат мекашанд.

20240306_114514

“Таҷлили “Рӯзи Модар” дар сатҳи давлатӣ далели равшани таваҷҷӯҳи хосаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеъа, фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи занону духтарон ва нишонаи муҳаббату арҷгузорӣ ба модар мебошад”-таъкид намуд муовини сарвазири ҷумҳурӣ Дилрабо Мансурӣ зимни суханронии хеш.

20240306_114046

Бо ҳамин қисмати расмии чорабинӣ ба охир расида, барномаи рангини консертӣ ба ифтихори “Рӯзи Модар” оғоз ёфт.

Чорабинии идона бахшида ба Рӯзи Модар ба як базми хеле гарму дилфиреб табдил ёфта, ҳунармандони маъруфи тоҷик Афзалшоҳи Шодӣ, Муҳаммадрафии Кароматулло, Ҷовидон Нозимов ва дигар санъаткорони ҷавону овозадор бо суруду таронаҳои дилфиреби худ саҳнаро тарабобод намуданд.

20240306_113901

Дар охир Бунафша Файзиддинзода, раиси нави Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазорати фарҳанг ва аҳли ҳунар барои чунин барномаи зебои фарҳангию ҳунарӣ изҳори сипос намуда, бонувонро бори дигар бо рӯзи идашон муборакбод гуфт ва дар тамоми ҷодаҳои ҳаёт барояшон бахту барор орзу намуд.
Ф. Сатторӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД