Тибқи тағйироти пешниҳодшуда ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» минбаъд шаҳрвандон уҳдадоранд баъд аз гирифтани таълими умумии асосӣ таълими миёнаи умумиро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ё мувофиқи хоҳишу қобилияташон дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ ё миёнаи касбӣ гиранд.
Хотиррасон мешавем, ки 20 феврали соли 2024 дар ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» мавриди баррасии вакилон қарор гирифт.
Зимни баррасии ин масъала иттилоъ дода шуд, ки Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод шудааст. Дар асоси лоиҳаи қонуни мазкур ба моддаҳои 6, 16, 17, 18, 36 ва 44 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» тағйирот пешниҳод шудааст. Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади фарогирии шаҳрвандон ба таълими миёнаи умумӣ таҳия гардидааст.
Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни баррасии ин масъала гуфт, ки «бо назардошти пешниҳоди Сарвари давлат ҳатмӣ гардондани таҳсилоти миёнаи умумӣ барои баланд бардоштани имкониятҳои низоми маориф мусоидат менамояд. Ин ҳадаф шароит фароҳам меорад, ки раванди бонизом ва босифати таҳсилоти шаҳрвандони Тоҷикистон таъмин гардида, яке аз проблемаҳои мавҷуда дар ин самт ҳаллу фасл карда шавад. Хонандагон уҳдадор мешаванд, ки баъд аз хатми зинаи таҳсилоти умумии асосӣ таҳсилро дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ идома диҳанд».
«Бо ҳатмӣ гардондани таҳсилоти миёнаи умумӣ масъалаи ба таҳсил фаро гирифтани 34 200 нафар хонанда ҳалли худро меёбад. Инчунин, давраи худмуайянкунии касбии хонандагон дар асоси ҷамъбасти масъалаҳои назариявӣ ва банизомдарории малакаю донишҳои азхудкарда ва дарки асосҳои илми муосир дар ҷараёни таълиму тарбия ва ҷаҳонбинии шахс ба роҳ монда мешавад. Самти афзалиятноки зинаи мазкур омӯзиши фанҳои табиию риёзӣ, гуманитарию ҷамъиятӣ ва технологӣ амалӣ карда мешавад»,- гуфт Раҳим Саидзода.
Ба гуфтаи Вазири маориф ва илми мамлакат, хонандагон дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бошад, аз рӯи майлу рағбат ва қобилияташон таҳсилро дар зинаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ идома медиҳанд. Муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ барои ҷалби хонандагон ихтисосҳои барои рушди иқтисодиёти миллӣ зарурро пешниҳод менамоянд.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки бо даровардани ин тағйирот яке аз Ҳадафҳои рушди устувор то соли 2030 кафолат додани он, ки ҳамаи духтарон ва писарон таҳсилоти ройгон, баробар ва босифати ибтидоӣ ва миёнаро ба даст оварда, ба натиҷаҳои мувофиқ ва самараноки омӯзиш оварда мерасонад, амалӣ гардонда мешавад. Дар натиҷа, масъалаи аз таҳсил дур мондани ноболиғон ҳалли худро ёфта, пеши роҳи болоравии сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, ки дар ҷумҳурӣ соли 2023 474 ададро ташкил медиҳад, гирифта мешавад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз 551 нафар ноболиғи дар ҳолати содирнамоии ҷиноят иштирокдошта 436 нафари онҳо (79,1 фоиз) ноболиғоне мебошанд, ки ба кор ва таҳсил машғул нестанд.
Лозим ба ёдоварист, ки тибқи ҷумлаи дуюми моддаи 2 лоиҳаи қонуни баррасишаванда гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ нисбат ба шаҳрвандоне, ки то мавриди амал қарор додани он таҳсили умумии асосиро гирифтаанд, татбиқ намегардад. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.