Табиат баъзан бо “шӯхиҳо”-и худ моро дар ҳолати ногувор мегузорад. Боридани барф дар ноҳияи Деваштич аз ҷумлаи ҳамин инҷиқиҳои табиат аст, ки касе интизораш набуд...
Ҳарчанд май моҳи охири фасли баҳор бошад ҳам, имрӯз тақрибан соати 11:20 дақиқа дар деҳаи Овчи Қалъачаи ноҳияи Деваштич барф боридааст. Дар ин бора Меҳрона Акрам дар саҳифаи фейсбуки худ хабар дод.
Дар шарҳи акс як корбари дигар аз пайғоми барф дар деҳаи Басманда иттилоъ дода, гуфт, айни ҳол ҳаво хунук буда, барф оҳиста- оҳиста борида истодааст.