Arzon march 2024
Зилзила Туркияро такон дод
1042

 

Соати 4:17 имрӯз заминларза шаҳри Ғозиёнтеппаро дар ҷануби Туркия такон дод. Тибқи оморҳои охир шумораи қуробиҳо аз ин офати табии 123 қурбонӣ аз Туркия ва 237 нафар аз Сурия, шумораи захми шудаҳо ҳазорҳо нафар гуфта мешавад.

Мақомоти ин кишвар гуфтааст, ки 440 захмиро аз зери вайронаҳо берун оварданд.

Тавре Муассисаи зилзилашиносии Амрико хабар додааст, зилзила соати 4:17 ба вақти маҳаллӣ 7,8 дараҷатро ташкил дода, марказаш 30-километрии шимол-ғарби Ғозиёнтеппа ва 114-киометрии шаҳри Ҳалаби Сурия будааст.

Тавре дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ин зилзила вайрониҳои зиёдеро дар пай дорад. Фурӯ рафтани биноҳои баландошёна, чаппа шудани биноҳои истиқоматӣ доду фиғони занон ва роҳи гурез пайдо кардани занон бо кӯдакони хурдсолашон риқатовар аст.

Дар наворҳо дида мешавад, ки имдодрасонҳо аллакай ба захми бардоштаҳо кӯмак расонида истодаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД