Formula 2025 may
Зикамоҳи фолбин ба чанги милитсия афтид
23.04.2025
Фирӯза
649

 

Боз як фолбин ба чанги кормандони милитсия афтид. Зикамоҳ Шокирова сокини пойтахт буда, бино бар иттилоъи Раёсати ВКД дар Душанбе бо сеҳру ҷодугарӣ машғул будааст.

“Милитсияи пойтахт шаҳрванд Шокирова Зикамоҳ, сокини 65-солаи ш.Душанберо дастгир карданд. Номбурда бо истифода аз карта ба фолбинии шаҳрвандон машғул шуда, аз ин ҳисоб манфиати пулӣ ба даст меовард”-омадааст дар хабар.

Тавре ки манбаъ менависад, нисбати Зикамоҳ Шокирова бо моддаи 482-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода, барои чораҷӯӣ ба суд ирсол гаштааст. Суд Шокироваро барои машғул шудан бо фолбинӣ ба маблағи 6000 сомонӣ ҷарима кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД