goodwell
Зиёда аз шаш ҳазор ҷавонони тоҷик дар Чин таҳсил мекунанд
96

Зиёда аз 6000 шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин таҳсил мекардаанд. Дар ин хусус зимни вохӯрии вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Го Ҷитсзюн маълумот дода шуд.

Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Чинро дар соҳаҳои маориф ва илм мавриди баррасӣ қарор дода, омодасозии кадрҳои баландихтисос, табодули донишҷӯёну омӯзгорон, омӯзиши забони чинӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ ва анҷом додани таҳқиқоти илмӣ аз мавзуҳои марказии суҳбат буданд.

Дар вохӯрӣ фаъолияти Маркази таҷрибавӣ ва таълимоти касбии Тоҷикистону Чин - Коргоҳи Лубан дар назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон намунаи муваффақи ҳамкории амалӣ дар самти омодасозии кадрҳои муҳандисӣ ва омӯзиши технологияҳои муосир арзёбӣ гашта, масъалаи таъсиси Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишгоҳи давлатии Данғара ва Коргоҳи нави Лубан дар назди Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар вохӯрӣ ҳамчунин ба масъалаи рушди ҳамкорӣ дар самтҳои зеҳни сунъӣ, рақамикунонии соҳаи маориф, таъсиси озмоишгоҳҳо ва марказҳои муштараки таҳқиқотӣ, таҳияи барномаҳои таълимӣ, такмили ихтисоси омӯзгорону муҳаққиқон ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки инноватсионӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД