Sebiston new 2024 october
Зиёда аз 80 ҳазор занҳои муҳоҷири тоҷик ба Ватан баргаштаанд
527

Муҳоҷирати меҳнатии занону духтарони тоҷик ба кишварҳои хориҷӣ дар соли 2024 рӯ ба коҳиш овардааст. Дар шаш моҳи соли равон 78753 нафар занону духтарон ба Русия ва дигар мамлакатҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 10740 нафар камтар мебошад.

Бозгашти бонувони муҳоҷир ба Ватан дар нимсолаи аввали соли 2024 баръакс рӯ ба афзош ниҳода, 80519 нафар бонувони муҳоҷир ба Тоҷикистон баргаштаанд. Дар ин бора имрӯз зимни нишасти хабарӣ дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот доданд.

Тавре масъулини ин ниҳод гуфтанд, тақрибан 50%-и бонувони муҳоҷири ба Ватан баргашта бо мақсади дарёфти ҷойи кор ба Агентии шуғл муроҷиат кардаанд. Аз 39281 нафар бонувони муҳоҷири ба Ватан баргашта, ки ба Агентӣ муроҷиат намудаанд, 29930 нафар ҳамчун бекор ба қайд гирифта шуда, 19823 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд. Дар ин давра ҳамчунин 9357 нафар занону духтарони аз муҳоҷирати меҳнатӣ баргашта ба омӯзиши касбу ҳунар фаро гирифта шудаанд.

Тавре Бунафша Файзиддинзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ гуфт, бозгашти занони муҳоҷир ба Ватан ба ҳодисаи нохуши дар Крокус-Сити-Холл рӯйдода, афзоиши фишор нисбати муҳоҷирони меҳнатӣ ва пурзӯр гаштани назорат дар Русия алоқамандӣ дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД