35 years of independency
Жавоҳир Синдаров дар рейтинги ҷаҳонии рапид ба ҷойи дуюм баромад
11.09.2026
Oila.tj
96

Шоҳмотбози маъруфи Ӯзбекистон Жавоҳир Синдаров дар рейтинги ҷаҳонии рапиди Live Rapid ба мақоми дуюм баромад.

Тибқи рейтинги нав, Синдаров бо 2742,6 хол мавқеи худро якбора чор зина беҳтар карда, 10,6 хол ба даст овардааст. Ӯ аз Ян Непомнящий, Хикару Накамура ва Алиреза Фирӯзҷа пеш гузаштааст. Дар садри ҷадвал қаҳрамони ҷаҳон Магнус Карлсен қарор дорад. Шоҳмотбози дигари Ӯзбекистон Нодирбек Абдусатторов як зина поён рафта, бо 2704,4 хол ҷойи 13-умро ишғол мекунад.

Ҳамин тариқ, ҳоло дар миёни 15 шоҳмотбози беҳтарини рапиди ҷаҳон ду намояндаи Ӯзбекистон қарор доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД