Шуруъ аз 1-уми ноябр ҳукумати Ӯзбекистон дар чаҳорчӯбаи ислоҳоти рақамӣ барои татбиқи интеллекти сунъӣ (АИ) 2141 мансабдорро аз вазифаашон ихроҷ мекунад. Дар ин бора хабаргузории Podrobno.uz дар такя ба фармони президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев хабар додааст.
Ҳуҷҷати далхдор дар ин хусус аллакай қабул шудааст ва мувофиқи он дар ниҳодҳои давлатӣ шумораи муайяни кормандонро ихтисор хоҳанд кард.
Беш аз ҳама дар идораҳои зерни мансабдорон ихтисор карда мешаванд:
Кумитаи андоз - 498 нафар;
Вазорати хоҷагии об - 224 нафар;
Вазорати ҳоҷагии қишлоқ - 200 нафар;
Вазорати адлия - 197 нафар;
Вазорати ҳифзи муҳити зист - 176 нафар;
Вазорати шуғли аҳолӣ ва кам кардани сатҳи камбизоатӣ - 163 нафар.
Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Федератсияи иттифоқҳои касаба ва Вазорати шуғли аҳолӣ супориш додааст, ки дар ихтисори мансабдорон ва минбаъд бо ҷойи нави кор таъмин намудани онҳо ёрӣ расонанд.