Дар Вазорати энергетикаи Ӯзбекистон Маркази рақамикунонии бахши сӯзишворӣ-энергетикӣ бо ҷорӣ намудани зеҳни сунъӣ дар назар аст. Ба навиштаи расонаҳои ӯзбекӣ, ниҳоди нав ба назорати рақамии фаъолияти низоми барқ ва таҳлили самаранокии кори кормандони соҳа машғул хоҳад шуд.
Бино ба иттилои Fergana.agency дар ширкатҳои «Hududiy Elektr Tarmoqlari» ва «Khududgaz» дар маҷмуъ 41 000 нафар кор мекунанд ва мавҷуд набудани технологияҳои рақамӣ имкон намедиҳад, ки раванди кории мутахассисон аз ҷониби раҳбарият ба пуррагӣ пайгирӣ шавад. Ин ҳолат ба ҳосилнокии меҳнат таъсир расонида, боиси талафоти вақти зиёдатӣ дар ҳолатҳои қатъшавии нерӯи барқ барои дубора барқарор намудани он мегардад.
Минбаъд маркази нав занҷираи таъминоти барқро аз истеҳсоли нерӯи барқ то расидани он ба аҳолӣ зери назорат мегирад. Алгоритмҳои идоракунии рақамӣ дар асоси 10 нишондиҳандаи калидии самаранокӣ барои кормандони соҳа ба нақша гирифта шудааст. Меъёрҳои арзёбӣ талафоти техникӣ, қатъшавии ғайринақшавӣ ва нақшавии таъминот, сатҳи қарздорӣ, захираҳои иқтидор ва иҷрои барномаҳои нигоҳубину таъмирро дар бар мегиранд.