Arzon New
ЗЕЛЕНСКИЙ ГИРИФТОРИ КОРОНАВИРУС ШУД!
729

Президенти Украина Владимир Зеленский дар бораи ҳарорати баландаш пас аз сироят ба коронавирус ҳарф зад. "Дар ҷаҳон хушбахте нест, ки COVID-19 барояш таҳдид накунад. Бо вуҷуди ҳама чораҳои карантинӣ, ман низ натиҷаи мусбат гирифтам", - навиштааст Зеленский дар сафҳаи Твиттери худ.

Роҳбари Украина гуфт, ки айни замон ҳарораташ 37,5 аст. Президент дар бораи нишонаҳои дигар чизе нагуфт.

"Ман худро хуб ҳис мекунам. Аксаран COVID-19-ро пушти сар кардаанд ва ман низ аз он мегузарам", - таъкид кард ӯ.

Дар иртибот бо сироятёбӣ ба коронавирус, Зеленский ваъда дод, ки ба карантин меравад, аммо корашро идома медиҳад.

Ёдовар мешавем, ки миёнаи моҳи июн ҳамсари ӯ Елена Зеленская аз коронавирус ранҷ мебурд. Пас аз он президент ва фарзандони онҳо барои ташхиси COVID - 19 санҷида шуданд, аммо озмоишҳо натиҷаҳои манфӣ нишон дода буданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД