arzon replenishment
ЗАРРИНА БАДАЛОВА: СОКИ МАРДҲОРО МЕҶАФАМ, АГАР... (ВИДЕО)
4111
ЗАРРИНА БАДАЛОВА: СОКИ  МАРДҲОРО МЕҶАФАМ, АГАР... (ВИДЕО)


Заррина Бадалова муддати 9-сол боз дар театри "Ҷавонон" ба номи Маҳмудҷон Воҳидов ба фаъолияти ҳунарӣ машғул буда, дар ин муддати начандон тӯлонӣ беш аз 100 нақши ҷолибу хотирмон офаридааст.

Дар баробари нақш бозидан дар саҳнаи театр ин бонуи сар то со ҳунар бо синамогарон низ пайваста ҳамкории эҷодӣ дорад. Пас аз силсилафилми туркии "Ҳикмати зиндагӣ" шумораи мухлисони Заррина боз ҳам бештар гашт, зеро дар ин филм актрисса ба нақши Пинори ҳиллагар хеле бомаҳоратона овоз додааст.

Вақтҳои охир сару садоҳо дар бораи ин ҳунарманди ҷавон хеле зиёданд. Яке мегӯяд, ки Заррина Бадалова аз шавҳараш ҷудо шудааст, дигарӣ ҳадс мезанад, ки ин зебосанамро ба Туркия даъват намудаанд ва ба наздикӣ тарки Тоҷикистон мекунад, сеюмӣ воҳима мекунад, ки ба хотири калиди хоназебосанам ишқи марди пирро қабул кардааст...
Мо ҳақиқати ин овозаҳоро аз худи Заррина Бадалова пурсон шудем. (Видео)

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД