Arzon march 2024
Заҳри забони хушдоман Мунисаро хонавайрон кард
03.08.2022
ОИЛА
1892


                       Дар ҷустуҷӯи марди орзуҳо
Муниса ном дорам. Духтари эркаи хона будам. Падару модарам хурсандияшонро дар хушбахтии ман медиданд. Бо касе издивоҷ карданамро низ дар ихтиёри худам гузошта буданд. Зебо будам ва бар замми ин, худро хуб оро дода, баъд ба берун мебаромадам. Бо ҷавоне робитаи телефонӣ доштам. Хуршед ваъдаи хушбахт намудани маро дода, мегуфт, ки "Агар зани ман шавӣ, тамоми орзуҳоятро амалӣ месозам". Ҷавони хубрафтору хушмуомила ва зебо буд. Оҳиста-оҳиста ба ӯ дил бастам. Меҳраш дар ошёни қалбам ҷо гирифт. Хостгорҳои ба хона меомадаро модарам ҷавоб медод, чунки ҳеҷ яки онҳоро интихоб намекардам. Хуршед ҳар дафъаи суҳбат мегуфт, ки "биё падару модарамро ба хонаатон фиристам", вале ман рад мекардам. Ин навбат ба суханаш чизе нагуфта, хомӯш мондам. Дӯстдоштаам хомӯшиамро аломати ризо дониста, фардо падару модарашро ба хонаамон равон кард ва баъди як моҳ тӯй барпо шуду ман келини хонаи онҳо шудам. Вале...


                      Интихоби нодуруст
Баъди тӯй ҳамагӣ се рӯзи хуш доштаму халос. Шаш моҳи дигар азобу ранҷ ва гиряву ғам ҳамбистарам буд. Чун хушдоманам ниқобашро аз рӯяш кашиду симои воқеияшро нишон дод, зиндагии ширинро фаромӯш кардам. Бовариям намеомад, ки як модар, зан чунин хислат дошта бошад. Рӯзе набуд, ки ба кори ман баҳонае наёбаду гирёнам накунад. Ба пухтану шустан, пӯшидану хӯрдан ва ҳар гапу кори ночизе гуноҳ ҷуста, маро дилозурда мекард. Баъзе хушдоманҳоеро медонам, ки агар келин кореро нодуруст анҷом диҳад, модарвор ба келин кор меомӯзонанд, вале хушдомани ман аз ин тоифаи занҳо набуд. Ба ғайр аз камбудиву гуноҳҳои маро ҷустан, модарарӯсам боз нисбатам дағаливу таҳқирҳоеро раво медид, ки ба ақли инсонӣ рост намеояд ва забонам низ намегардад онро дубора такрор намоям. Шавҳарамро дӯст медоштам, ӯ низ маро сахт дӯст медошт, вале кор ба ҷое расид, ки аз шавҳар карданам пушаймон шудам. Шавҳарам хислати модарашро хуб медонист, лек чизе гуфта наметавонист. Дар натиҷаи беқадриву хориву зориҳо дилам аз шавҳарам низ сард гашт ва зиндагӣ дар назарам торику хонаи шавҳар вартаи ҳалокатборро мемонд.

                   Нигаронии падару модар
Кор ба ҷое расид, ки дигар косаи сабрам лабрез гашт ва ба модарам ҳама воқеаро нақл кардам. Модарам, ки бо сад орзуву ҳавас ва умед маро оиладор карда, интизори наберадор шудан буду барои ин аз ҳоло омодагӣ медид, телефонро хомӯш кард. Бегоҳ буд, ки падараму модарам вориди хонаи шавҳарам шуданд. Шавҳарам ба хона намеомад. Модараш бошад, суханро ба касе додан намехост. Гӯё ӯ судя бошаду духтараш (дар чунин мавридҳо духтараш зуд пайдо мегардид) муфаттиш ва ман ҷинояткору волидонам ҳамҷавобгарон. Ҳарчанд волидонам мефаҳмониданд, вале натиҷае ба бор наовард, хушдоманам ҷор мезад, ки "аз дасти духтаратон коре намеояд, на пухта метавонаду на дӯхта. Писари яккаву ягонаам ҳайф шуд. Сари писарам бошад, тоқӣ бисёр".
Падару модарам аз шунидани суханони хушдоманамдар ҳолати ногувор монда, бо ҳайрат ба ман нигоҳ мекарданд. Чун чашмони ашколудам ба чашмони онҳо афтод, чакраҳои об рухсораҳояшонро тар кард. Падарам гуфт, ки "тайёр шав, чизучораатро ҷамъ кун, ба хона меравем. Ман духтари мепартофтагӣ надорам"...

                     Пур омадем, холӣ рафтем...
Ёдам ҳаст, ки пеш аз ба хонаи шавҳар омадан модарам бароям молу колои бисёр харида буд ва маълум, ки пули зиёд сарф карда буданд. Вақте хостам чизу чораамро ҷамъ кунам, хушдоманам садди роҳи ману модарам гардида, "писарам рӯзу шаб хоб накарда, азоб кашида, бо пули худ ин ҳамаро харидаасту шумо мехоҳед инҳоро соҳиб шавед? Мана ба шумо!"-гӯён ҳама чизу чораи хонаамро ба замин зада, шикасту пора-пора кард.
Ин куҷову он куҷо
Рӯзҳои душвортарини ҳаётам паси сар шуд. Ман бори дигар ба шавҳар баромада, соҳиби писар шудам, вале баъзан рӯзҳо корҳои кардаи хушдомани пешинаамро бо модари шавҳари ҳозираам муқоиса карда, ангушти ҳайрат мегазам. Ин куҷову он куҷо. Дунё одамони аҷибе дорад. Бинед, ки ду нафар аз як ҷинс, ҳарду зан, вале аз ҳамдигар аз замин то осмон фарқият доранд. Мутмаинам, ки шумораи чунин одамони беандешаву бадҷаҳл дар дунё хеле кам бошад, вагарна келинҳо аз дасти чунин хушдоманҳо рӯз намебинанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД