Шояд ба хотири азизи дилаш Марҷон, ба хотири фарзандонаш, ба хотири қарзе, ки аз падар мерос монда буд, зиндагӣ кардан мехост, зинда мондан мехост. Бо ҳамин Сафар ба беморхона афтод ва баъди як моҳ чун пештара сиҳату саломат ба хона баргашт.
Ҳамсару фарзандонаш ӯро хеле пазмон шуда буданд. Аз омадани қиблагоҳашон дунё-дунё лаззат мебурданд. Азиз чун падарашро дид, давида худро ба оғӯшаш партофту бӯсид ва ҳиқ-ҳиқ гириста, гуфт:
- Дадаҷон, куҷо будед? Маро танҳо монда ба куҷо рафтед?
Сафар ба ин суолҳои фарзандаш танҳо бо бӯса ҷавоб медод. Ҳар замон "омадам бачам, омадам" гӯён, аз рухсораҳояш мебӯсид.
Сафар пас аз он ки саломатияшро барқарор кард, хост пули бештаре кор кунаду қарзи ба гардан доштаашро тамом кунад. Саҳнаҳои пуртазоди зиндагӣ инсонро маҷбур мекунад, то ба ҳар ваҷҳ барои ояндаи худу оилааш мубориза барад, кор кунад, муҳоҷир шавад, мусофир шавад. Сафарро ҳам зиндагӣ маҷбур сохт ба муҳоҷират равад. Пул кор кунад, қарзҳои ба зимма гирифтаашро ба соҳибонаш баргардонад.
Сафар баъди хайрухуш бо аҳли оила ба нақлиёти мусофирбарӣ нишаста рафт. Раҳораҳ худ ба худ меандешид. Шояд қарзи бе сару нӯгашро ҳисоб мекард ё роҳи тамом кардани онҳоро меҷуст.
Аслан қарзи падараш Сарвар он қадар бисёр набуд, ки Сафарро аз нӯги пой то мӯйи сар ба қарз ғилмонад. Падари Сафар - Сарвар бо якчанд дӯстонаш шарик шуда, тиҷорати калонро сар карда буданд. Дар аввал корашон барор гирифт. Сол аз сол фоидаи ба даст омада зиёд мешуд. Лекин онҳо рӯз аз рӯз аз худ рафта, ба кайфу сафо дода шуданд. Ризқу рӯзиро пеши по заданд. Ҳар ҳафта "садта-садта" нӯшидан ба одати ҳаррӯзаи онҳо табдил ёфт. Ҳамин тавр, шарикии онҳо пош хӯрду сардорашон боигарии то ба ҳафт пушташ мерасидаро ҷамъ карду дигаронро қарздор карда монд.
Сарвар қурбони ноадолатӣ шуд. Ӯро, ки 1500 пул гирифта буд, ба қафояш як сифри дигар зам карда 15000 қарздор бароварданд. Сарвар аз туҳмати ногаҳонӣ ба сактаи қалб дучор шуду ҳамон замон вафот кард. Ҳамсараш Шуҷоат марги муфоҷои шавҳарашро шунида, фиғонаш ба фалак расид, ҳуш аз сараш парид. Ӯ он оберо, ки қариб 6 соат дар даруни зарфи даҳонаш маҳкам меҷӯшид, осемасар кушод. Сарпӯши зарф, ки резина дошт, дарунаш бо бӯғ дам зада буд. Баробари расонидани даст ба илгак (ҷойи маҳкамкунии зарф) сарпӯши оби гарми ҷӯшида ба қувваи баланд баромаду аз мӯйи сар то нӯги пойи Шуҷоатро сӯзонд. Як ҳафта пешу қафо зану шавҳари ба ҳам аҳду паймон баста реҳлат карданд.
Қарзи ба зимма доштаи Сафар ҳамин тавр аз падар мерос монда буд.
Сафар дар муҳоҷират ҳар коре, ки пеш меомад, мекард. Барои ӯ аз ҳама муҳим пули ҳалол ёфтан буд. Ҳамин тавр, корҳояш рӯз аз рӯз хуб шудан гирифт. Баъдан ӯро ба ширкате ба кор қабул карданд, бо гузашти вақт дар аввал муовини мудири ширкат ва сипас мудири ҳамон ширкат таъин карданд.
Дар ду сол Сафар тамоми қарзҳояшро баргардонд. Хонаи вайронаеро, ки аз ҳарҷояш об мечакиду шамоли сахт шиферҳояшро мепаронд, обод кард. Ғайр аз ин, хонаи якчанд ҳамсояеро, ки чунин ҳол доштанд, таъмир намуд. Ба хонаи ҳамсояашон Гулбаҳор бошад, танӯри нав ва даҳ линча орди 50 кг бурда дод. Ба нею нестони Гулбаҳор нигоҳ накарда, ордро ба хонааш даровард.
- Ҳамсоя ба ҳаққи Худо баробар гуфтаанд, шумо ки дирӯз ба мо кумак кардед, мо имрӯз ба шумо ёрдам мекунем. Дар ин дунё бояд ҳама дасти якдигарро гиранд. Эҳтиёҷи муҳтоҷеро бароранд. Мо аз шумо миннатдор ҳамсоя,- гуфта, Сафар ҳамсояро розӣ кунонид.
Ҳамсояҳо аз ин корҳову амали ҷавонмардонаи Сафар хушнуд ва розӣ буданд. Шод гаштанд, ки хонаи онҳо низ таъмир шуд.
Сафар фарзандонашро соҳиби маълумоти олӣ гардонид. Ба ҳамсараш бошад, коргоҳи хурди тоқидӯзӣ кушода дод. Дар ин коргоҳ занҳои бекори хонашин омада тоқӣ медӯхтанд, тоқӣ месохтанд ва мефурӯхтанд.
Рӯзе дар назди ҳама яке аз бонувони коргоҳ ба Марҷона гуфт:
- Чӣ хел шумо зани хушбахт. Ба шумо ҳавасам меояд. Ин ҳама давлату боигариро аз куҷо ёфтед?
Марҷона бе ягон истиҳола ҷавоб дод:
- Аз сабру шикебоӣ. Аз эҳтироми якдигар. Дар натиҷаи шикоят накардан аз чархи рӯзгор. Медонед, ман доимо қаноат кардам. Ба шавҳарам боре ҳам шикоят накардам. Шикояти зан ба шавҳар ғурури мардро, қудрати мардро мешиканад. Барои ҳамин зану шавҳар ҳамдигарро дар ҳама ҳолат бояд дастгирӣ кунанд, пуштибонӣ кунанд. То аз монеаҳои зиндагӣ гузашта, ба зарбаҳои тақдир тоб оваранд. Танҳо сабр метавонад инсонро ба саодати дунё шарафёб гардонад.
АРДАШЕР