Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон аз сар задани рӯйдоди хунине дар шаҳри Ваҳдат хабар додааст, ки аз шуниданаш ба бадани кас мурғак медамад. Ба иттилои ин манбаи мӯътамад шоми 10-уми январи соли 2021, тахминан соатҳои сеи шаб дар деҳаи Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдаки фоҷиаи пурхуне ба амал омада, шахсе ду нафар сокинони ин деҳаро, ки узви як оила мебошанд, табар задааст. Зану шавҳар, ки ҳарду 59-сола мебошанд, аз сарашон табар хӯрда, бо ҷароҳатҳои вазнин ба беморхона интиқл дода шудаанд.
Дар пайи ин ҳдиса крмандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ як ҷавони 27-слаи сокини шаҳри Ваҳдатро дастгир намудаанд. Дар хабар гуфта мешавад, ки ҷавон ҷияни ҷабрдидагон буда, аз рӯйи хусумати шахсӣ соҳибхонаҳоро табаршап кардааст. Аз рӯйи ин ҳодисаи даҳшатангез парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфта, тафтишт идома дорад.