Азиз Бобоҷонови 29 сола сокини шаҳри Истаравшан мебошад. Мавсуф 5 сол мешавад, ки бо ҳунари коркарди бадеии чӯб машғул аст. Вай дар оилаи дуредгари маъруфи Истаравшан, усто Одил ба дунё омада, ба камол расидааст.
Падараш шогирди кандакори номӣ усто Алӣ Яҳёев буда, мехост фарзандаш низ аз нозукиҳои ин ҳунар воқиф гардад. Усто Одил ҳунари кандакорӣ дошта бошад ҳам, бештар ба сохтани дару тирезаҳои чӯбӣ машғул мешуд ва писарашро назди усто Алӣ Яҳёев ба шогирдӣ гузошт.
"Ҳунари кандакориро аз хурдӣ дӯст медоштам. Чун падарам устои дуредгар ва кандакор буданд, наздашон нишаста, дар рӯйи тахтачаҳои хурд гулкориҳо мекардам ё тиреза, мошинча ва хоначаҳои хурд месохтам.Падарам шавқи маро нисбат ба ин ҳунар дида, назди ҳунарманди соҳибмактаб, усто Алӣ Яҳёев ба шогирдӣ гузоштанд. Дар мактаби ҳунарии усто мо 30 нафар таҳсил мекардем. Аз ин теъдод имрӯз танҳо 5 нафар бо кандакорӣ машғуланд,"- иброз дошт ҳунарманди ҷавон.
Қаҳрамони мо мегӯяд, солҳо ҳамроҳи падараш ба сохтани дару тирезаҳои чӯбӣ машғул шуда, дар байни кор сандуқча, китобмонак ва армуғонҳо месохтааст.
"Рӯзе падарам гуфтанд, ки писарам ту аз ӯҳдаи ҳунари кандакорӣ хуб мебароӣ. Ин ҳунаратро идома деҳ. Кӯшиш кун бештари вақтатро сарфи ин ҳунар намоӣ. Ҳамин тавр бо ҳидояти падар аз нав ба кандакорӣ рӯй овардам,"-қисса мекунад ҳамсӯҳбати мо.
Азиз Бобоҷонов имрӯзҳо ҳамроҳи ҳамсараш ба истеҳсоли сандуқчаҳои кандакорӣ, шона, шоҳмот, китобмонак, табақаҳои гулкоришуда ва армуғонҳои чӯбӣ машғул аст. Туфайли ҳаимн ҳунараш ном баровардааст ва муштариёни зиёде аз дохилу хориҷи кишвар ба суроғаш меоянд. Ҳамсари қаҳрамони мо Зулола Бобоҷонова низ аз нозукиҳои ҳунари кандакорӣ воқиф аст. Асрори ин ҳунарро ба ӯ шавҳараш Азиз Бобоҷонов омӯзонидааст. Вай ҳар рӯз ду-се соат ба ҳамсараш нозукиҳои нақш ва кандакорӣ дар рӯйи чӯбро мефаҳмонад. Чун Зулола зеҳни тез ва шавқи зиёд дошт дар муддати кӯтоҳ ин ҳунарро пурра аз худ кардааст.
Ҳамин тавр аз оғози соли 2019 Азиз ва Зулола дастранҷи худро бо номи бренди "АЗ" (Азиз ва Зулола) пешкаши харидорон менамоянд. Маҳсули дастони онҳо борҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявию байналмиллалӣ сазовори ҷойҳои намоён гардидааст. Ба наздикӣ дар Ҷашнвора-озмуни байналмиллалии ҳунармандон "Тараз-2023", ки дар шаҳри Тарази ҷумҳурии Қазоқистон шуда гузашт дар бахши кандакорӣ ғолибият ба даст оварданд. Ғайр аз ин даҳҳо маротиба дар озмунҳо ширкат варзида ҳунари миллии тоҷикиро муаррифӣ намудаанд.
Ин оилаи ҷавону хушбахт аз чӯби одӣ армуғонҳои зебову бемисл месозанд. Сандуқчаҳои доирашакл, секунҷа, чоркунҷа ва шашкунҷа, китобмонакҳои дуқабатаву сеқабата, шона, мӯйқаппак, қаламдон, мизҳои шашгӯшаи ороишӣ, панно, табақаҳои кандакоришуда, шоҳмот, сандуқча ва ғилоф барои корду шамшер ва даҳҳо намуди дигар маҳсули дастони пурэъҷози онҳоянд. Дар зери ҳар як маҳсулоти онҳо тамғаи бренди "АЗ" гузошта шудааст.
Абдуғаффор Шодиев