Шаби 23-юми апрел, тахминан соати 23:30 дақиқа, дар натиҷаи сӯхтор дар деҳаи Пули Гирдоби ҷамоати деҳоти Моғиёни шаҳри Панҷакент Шоҳрух Ҳамроеви 43-сола ва духтари нӯҳсолааш Бибиоиша ба ҳалокат расиданд.
Бино ба гуфтаи сокинон, Шоҳрух, ки се духтар ва як писар дошт, зану се фарзандашро аз даруни оташ берун кашид. Сипас, барои берун овардани духтарчааш Бибиоиша дубора худро ба даруни оташ зад, вале дар даҳлез духтараш дар оғӯш ҷон дод. Хонаи онҳо пурра ба коми оташ рафт.
Шоҳрух Ҳамроев писари раиси собиқи колхози Моғиён, шодравон Муродқул Ҳамроев буд ва аз ҳисоби пули аз муҳоҷират бадастмеовардааш рӯзгори оилаи худро пеш мебурд.
Бар асари сӯхтор 16 дар хона ба коми оташ рафту ин оила аз саробони асосии худ маҳрум шуд.