Салом! Ман Аҳлиддин, аз шаҳри Турсунзода ҳастам. Мехоҳам ба Федератсияи Россия ба муҳоҷирати меҳнатӣ равам. Азбаски ману занам бо ишқу муҳаббат хонадор шудаем, ҳамсарам тобу тоқати ҷудоиро надорад. Вай ду пояшро ба як мӯза андохта, талаб карда истодааст, ки ӯро низ ҳамроҳи ду фарзандамон ба Русия барам, вале...
Ростӣ, ҳайрон мондаам, ки чӣ кор кунам, чунки дар он ҷо ягон шинос надорам, ки ба мо кумак расонад. Маълумоти олӣ надорам, нияти дар сохтмон кор карданро дорам, вале намедонам, ки ба осонӣ кор ёфта метавонам ё не. Иҷорапулӣ дар Русия бисёр қиммат аст мегӯянд, бар замми ин, вақте ки аҳли оилаатро бо худат мебарӣ, албатта онҳоро хӯрондану пӯшондан лозим аст. Хулоса, як олам ташвиш...
Шумо ба ман чӣ маслиҳат медиҳед? Зану фарзандонамро ҳамроҳам ба Русия барам ё не?
АҲЛИДДИН, аз ш. Турсунзода
Посух:
- Аҳлиддин, агар шумо бори аввал ба Русия мерафта бошед ва дар он ҷо ягон дӯст, шинос ё хешу табор надошта бошед, бо худ бурдани зану фарзандонатонро маслиҳат намедиҳем. Гап дар сари он аст, ки вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ имсол дар Федератсияи Россия чандон хуб нест. Русия баъди ҳодисаи нохуше, ки моҳи марти соли равон дар Крокус-Сити-Холл рӯй дод, сиёсати муҳоҷиратиашро дигар карда истодааст. Дар ин кишвар қонунҳои нав ба нави муҳоҷиратӣ пайдо шуда, аз ҷониби кормандони пулис ва дигар мақомотҳои қудратӣ тез-тез рейдҳо гузаронида мешаванд. Хурдтарин камбудӣ дар ҳуҷҷатгузорӣ ё хатогиҳои аз ҷониби муҳоҷирони меҳнатӣ сарзада метавонад боиси ихроҷ –депортатсия шуданашон гардад. Баъдан Думаи давлатии Россия мехоҳад қонуни навро қабул намуда, бо худ овардани аҳли оила ва зану фарзандонашонро ба муҳоҷирони меҳнатиӣ манъ намояд. Айни замон ин лоиҳа дар ҳоли баррасӣ қарор дорад ва аллакай қисми зиёди депутатҳои рус ба ҷонибдориаш овоз додаанд. Тавре ки раиси Думаи давлатии Россия Володин дар сӯҳбат бо журналистони рус хабар додааст, Дума дар масъалаи танзими раванди муҳоҷирати меҳнатӣ ба наздикӣ боз чанд пешниҳоди навро дар амал татбиқ карданист. Ба гуфти ин мақомдори рус, айни замон ба Думаи давлатии Россия 28 лоиҳаи нав пешниҳод гаштааст, ки ба масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ алоқамандӣ доранд. Аз ин шумора 6 лоиҳа дар моҳи август барои баррасӣ ва муҳокима ба вакилони парлумон пешниҳод карда шудааст.
Ба андешаи мо шумо бояд аввал худатон танҳо ба Русия рафта, манзили иҷора ёбед ва ҳуҷҷатҳоятонро тахт намуда, кори муносиб пайдо намоед. Шароити иқтисодиатон, ки хуб шуд, баъдан метавонед зану фарзандонатонро низ ба наздатон даъват кунед, агар то он замон Русия қонуни нав қабул карда, бо худ бурдани зану фарзандонро манъ накунад.
Бо худ бурдани аҳли оила ба Русия манъ шавад ҳам, боке нест. Муҳимаш он аст, ки шумо дар он ҷо кори хуб пайдо кунед ва ба зану кӯдаконатон ҳар моҳ маблағи муайян фиристода, шароити зиндагии аҳли оилаатонро беҳтар созед.