arzon replenishment
Зансеталоқ «Гаҳворааш аз осмон фаромадагӣ»
2252

 

«Гаҳворааш аз осмон фаромадагӣ»
Ситораи мағрур овони 18-20 солагиаш ба бачаҳои ӯро талабгоршуда «маймуни қишлоқӣ, нерг, мурдаи қоқшудагӣ, дарози бениёз, картошкабинӣ, дегсар, халтаи гӯш» гӯён, айб монда, билохира ҳама хостгоронро гурезонду пирдухтар шуда монд.

Ҷавонони деҳотиро масхара кардани духтари муаллим дар тамоми маҳалла ва гирду атроф овоза шуда, ҳам бачаҳои ба Ситора ошиқ ва ҳам падару модаронашонро сахт ранҷонд. «Гавҳораи духтари Назар аз осмони ҳафтум фаромадагӣ, барои ҳамин назараш бачаҳои қишлоқиро намегирифтааст. Канӣ бинем, кадом шоҳзодаи шаҳрӣ ин таккачаро ба занӣ мегирад!»-гӯён, ҳаққу ҳамсоя ва хешу табори дар орзуи келин кардани Ситора буда, минбаъд пою қадамашонро аз даргоҳи падараш канданд.

Пирдухтар
Ҳамин тавр тамоми духтарони ҳамсоли Ситора шавҳар карда рафтанду духтари «гаҳворааш аз осмони ҳафтум фаромада»-и муаллим пирдухтар шуда монд. Аксарияти бачаҳое, ки Ситораро талабгор буданд, барқасди ин духтари мағрур ягон ҳамсинф ё дугонаашро ба занӣ мегирифтанд. Арӯсонашон Ситора барин хушрӯю хушқаду босавод набошанд ҳам, зиндагии аксарияташон хушбахтона мегузашт. Бо сарандози арӯсӣ ва кулчаю тӯша ҳафтаю талбон омадани дугонаҳояшро дида, Ситораи мағрур акнун аз алам худашро дарун-дарун мехўрд ва даст бар сар мезад, ки чаро бахташро бо дасти худаш баст. Ба орзуҳояш расида, соҳиби диплом ва ҷойи кори хуб шуда буд, вале ин ҳама комёбиҳояш дар назараш наменамуданд. Дигар на кори сердаромад ӯро хурсанд мекарду на либосҳои хушрӯю зару зевар, дилаш танҳо як чиз мехост-бахт! Ситораи мағрур акнун дарк карда буд, ки барои зан дар зиндагӣ чизе ба андозаи хушбахтии оилавӣ азиз ва гаронбаҳо набудааст, вале оби рехтаро дигар бардошта, умри рафтаро дубора баргардонида намешуд. Ҳамин тавр умри Ситора сарҳади 30 солагиро убур намуд. Дугонаҳояш се-чортогӣ фарзанд доштанду бачаҳояшонро хатнатўй мекарданд, вале вай то ба ҳол бахташро наёфта буд.

Вохӯрии тасодуфӣ
Рўзе як ҳамсинфаш Ситораро ба тўйи писараш даъват намуд. Одатан вай аз шарми саволи ҳамешагии мардум «Ситора, то ҳол шавҳар накардаӣ?!» ба тӯю маъракаҳо намерафт, вале ин навбат модараш ба ҷону ҳолаш намонда гуфт:
-Духтарам, то ба кай худатро аз дугонаҳоят дур мегирӣ? Рав, камтар тамошо кун, хурсандӣ кун, ғубори дилат мебарояд.
Ситора бо дили нохоҳам ба тўйхона рафт ва ҷавонеро во хӯрд, ки бо як нигоҳ дилашро рабуд. Духтари мағрур чунон волаю шайдои абрӯвони сип-сиёҳи пайвандӣ ва қаду қомати зебои ҷавон гашт, ки чашмашро аз вай канда наметавонист. Ҷавон нигоҳи харидорона духтарро пай бурда, пайти муносибе ёфту ба Ситора наздик шуда гуфт:
-Зебосанам, њамроҳи ман рақс намекунед?
Ситора аввал каме ноз карду баъд ҳамроҳи ҷавон ба рақс баромад. Ҳамин рақс баҳона шуду онҳо бо ҳамдигар шинос шуданд. Ҷавон Мунис ном дошта, меҳмон будааст. Онҳо рақами телефони ҳамдигарро гирифта, аҳд намуданд, ки минбаъд «ҷӯра» мешаванд.


Нургул Эшилчой яке аз серхаридортарин актрисаҳои синамои турк ба шумор меравад. Ин зебосанамаро силсилафилми «Шишапора» ба тамошобини тоҷик шиносонд. HIC2JqWBNzGeBLpoxTBS1IeFqyRMFcQwrwHWDWs0


Дарди дил

Аз шиносии Ситораю Мунис қариб як сол гузашта бошад ҳам, ҷавон дар бораи хостгор фиристодан даҳон намекушод. Мабодо худи Ситора ин мавзӯъро кушояд, дарҳол «мо ҳанўз ҳамдигарро хуб намедонем»- гӯён, баҳона пеш меовард. Бепарвофалакии ошиқаш Ситораро ҷигархун менамуд, вале ҳамрозе надошт, ки дарди дилашро дар наздаш бигўяд. Ниҳоят косаи сабраш лабрез гашт ва рўзе ба модараш ҳасрат кард.
-Духтари сода, ҳамин хел интизор шуда шинӣ, ягон рӯз ин ошиқат ҳам зан мегираду даст дар бинӣ мемонӣ! Ин мардҳоро гӯсола барин зӯран кашола карда назди муллои никоҳгар набарӣ, ихтиёран намераванд,-даст афшонд модараш Сафаргул.
Ситора аз суханони роздори модар чизе нафаҳмида хоҳиш кард, ки ошкортар гап занад.
-Назди ягон ҷодугар рафта гармӣ кун, Мунисат худаш ба пеши поят афтида, зорӣ мекунад, ки занаш шавӣ, ҷони оча,-маслиҳат дод Ситорабонуи дар чунин корҳо таҷрибадор.

Дар хонаи ҷодугар
Рўзи дигар очаю духтар ба хонаи мулло Қамар ном ҷодугари номдоре рафтанд. Мулло чашмони танги турконаашро аз Ситораи нозанин наканда, матлабашонро пурсид.
-Ҳамин духтараки нозанинам ба 32 даромада ҳанўз шавҳар накардааст, домуллоҷон, ягон илоҷ кунед, ки бахташро ёбад,-зорӣ намуд Сафаргул.
Домулло китоби калонеро кушода, номи падар ва номи духтарро пурсид.
-Ситора, духтари Назар,-ҳозирљавобӣ намуд Сафаргул.
Мулло чанд варақи китобро хонда ба коғазҳои дар наздаш буда ким-чиҳо навишту ҳисобу китоб кард, баъд сар бардошта гуфт:
-О ин духтаратон нағздида дорад-ку!
Очаю духтар лаб газида, иқрор шуданд, ки Ситора бо Мунис ном ҷавоне як сол боз во мехӯрад, вале аз хостгорони ошиқаш дарак нест. Домулло сар ҷумбонда гуфт:
-Духтарҷон, хафа нашав, ин бачаи туро ба занӣ гирифтанӣ нест.
-О шумо ягон кор кунед, ки гирад,-як садсомониро пеши мулло Қамар гузошта, арзи матлаб намуд Сафаргул ва афзуд, -ҳамин духтарам ба дўстдоштааш расад, қолини пеши бозорро бароятон туҳфа меорам!
-Ин тавр бошад, пагоҳ наъли асп, пашми уштур ва устухони фароштурук ёфта биёред, ман бачаро ба духтаратон гарм мекунам,-дилаш бо дидани пул нарм шуда гуфт мулло Қамар,-худо хоҳад, як моҳ нагузашта тўяшонро мехўрем!

Дар банди ҷоду
Ҷодугар ҳаққашро гирифта кори Ситораро буд кард ва рўзи дигар духтари аз ваъдаи висол болу пар бароварда ошиқашро ба мулоқот даъват намуд. Аз чӣ бошад, ки ин дафъа баробари Ситораро дидан дили Мунис якбора такорў шуда рафт. Дар як соли ошноӣ ягон бор дили ҷавон бо дидани ин духтар ин қадар гум назада буд, аз ин рў, ба ҳайрат афтида гуфт:
-Ситора, мабодо ту маро дар назди ягон мулло гармӣ накарда бошӣ?!
Рангу рўйи Ситора бо шунидани ин гап якбора канд ва барои пинҳон кардани ваҷоҳаташ рўяшро дигар тараф гардонда, бо садои базўр шунаво ғурунгид:
-Кори дигар надорам, ки туро гармӣ мекунам!
Бо ҳамин ба суҳбат дар мавзўи гармию хунукӣ нуқта гузоштанд, вале аз ҳамон рўз сар карда, муносибати ҷавон бо вай тамоман дигар шуд. Пештар Мунис њафтањо занг намезад, вале акнун дар як рўз панҷ-шаш маротиба телефон карда, ҳолу аҳволи Ситораро мепурсид.

Келини шаттоҳ
Гапи мулло Қамар рост баромад, Муниси дар доми ҷоду афтида, ду њафта пас ба хонаи падари Ситора хостгор фиристод ва як моҳ нагузашта тўйи деринтизор баргузор шуд, вале...
Аз рўзи аввали ба хона шавҳар қадам гузоштан Ситора бо хушдоману қайсингулҳояш соз нагирифт. Бо андак гап келинчаки мағрур дегро ба табақ мезаду табақро ба коса ва фангу ҷанҷол карда, хонаро ба сар мебардошт. Бечора модаршўю қайсингилҳояш ба тақдир тан дода, дигар ба арўси ҷанљолӣ кордор намешуданд, то хандахариши мардум нагарданд, вале Ситора бо шавҳари худаш ҳам соз намегирифт. Баҳудаю беҳуда рашк карда, ҷони Мунисро ба лабаш мерасонд. Ҷавон аз серҷоғии зани хушкардааш ба дод омада, як моҳ пас ба Русия мардикорӣ рафт.

Модар не, балои ҷон
Мунис қариб ҳафт сол дар Русия мардикорӣ карда, ҳамеша барои таъмини аҳли оилаашон пул мефиристод. Падару модараш аз ҷангу ҷанҷолҳои беҳудаи зани Мунис ба дод омада, барояш хонаи алоҳида сохтанд, то дигар рўйи келини шаттоҳашонро набинанду насўзанд. Мунис дар ин миён чандин маротиба ба Ватан омада, ду-се моҳӣ дам гирифта рафт ва Ситора соҳиби се фарзанд шуд, вале ҳанўз ақлаш ба сараш намезад. Ин ҷавонзани ҷанҷолӣ бо бачаҳои худаш ҳам соз намегирифт ва бо андак гуноҳ кӯдакони бечораро бераҳмона мезад.

Қасами зансеталоқ
Пас аз хонаю дарашро обод намудан, Мунис дар фикри мошинхарӣ шуд. Вай хар моҳ аз Русия ба занаш қариб ду ҳазор доллар пул фиристода, таъкид мекард:
-Чорсад доллараш ҳаққи ту ва бачаҳоям, хӯред, пӯшед, вале боқимондаи пулро ҷамъ карда мон! Мабодо ахмақӣ карда, пулро обу лой кунӣ, ту ба ман се талоф!
Ташвиши Мунис беҳуда набуд, зеро ҳар моҳ барои зану фарзандонаш пул фиристад ҳам, баъди баргаштан мефаҳмид, ки ҳамсараш аз тамоми мағозаҳои гирду атроф қарздор аст. Cитора ин қадар пулро куҷо мекард, худаш медонисту халос.

Дузди худӣ
Аз байн қариб ду сол гузашт ва Муниси аз азоби ғурбат ҷонаш ба лаб расида, қарор дод, ки ба хона бармегардаду бизнес кушода, минбаъд зиндагиашро дар Ватан пеш мебарад. «Дар дасти занак бояд беш аз бист ҳазор доллар пул ҷамъ шуда бошад, ин пул ҳам ба мошинхарӣ мерасаду ҳам барои кушодани ягон мағозача кифоя мекунад» мегуфт худ ба худ ҷавонмарди мусофир, вале…
Ҳамон шабе, ки саҳараш бояд Мунис ба Ватан бармегашт, Ситораи маккора худаш тирезаро шикаста, пардаро бо корд бурид ва тамоми кўрпаю кўрпачаҳоро ба чор тараф ҳаво дода, қулфи сандуқро шикаст, то чунон вонамуд созад, ки ба хона дузд даромадааст. Пас аз ин ҷавонзани шаттоҳ доду фарёдзанон ҳавлиро ба сар бардошт, ки хонаамро ғорат кардаанд. Ҳамсояҳо ва хурусу хушдоманаш аз фиғону нолаи Ситора ба ташвиш афтида, сўйи хонаи Мунис тохтанд.
-Хонаамро ғорат кардаанд! Дузд ҳамаи пулҳои фиристодаи бачаатонро бурдааст, Мунис биёяд, сари маро аз танам ҷудо мекунад,-рўю мўяшро канда, нола мекард Ситора дар назди волидони шавҳараш.
Раиси маҳалла ин хабарро шунида миласа ҷеғ зад, вале ҳомиёни қонун дар ҷойи ҳодиса ягон изи по ё чизи дигари шубҳанокро пайдо накарданд. Парванда ба дасти прокурори таҷрибадоре афтид ва тафтиш нишон дод, ки дузд бегона не, худи соҳибхоназан будааст. Дар рафти тафтишот Ситора фош шудани дурўғашро эҳсос намуда, иқрор шуд, ки мазҳакаи дуздиро худаш сохтааст, то шавҳараш дигар пулҳояшро напурсад. Ҷавонзани беандеша беш аз бист ҳазор доллари бо хуни ҷигар дар мулки ғурбат коркардаи шавҳарашро ба чӣ сарф кардааст, касе намедонад. Акнун Муниси қасами зансеталоқ хӯрда, ҳайрон аст, ки чӣ кор кунад, Ситора бошад боз дар ба дари ҷодугарон медавад, то шавҳарашро дубора бо сеҳру ҷоду ба домаш афтонад.

Худойназаров Ҷамшед,
ш. Ваҳдат

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД