Занро назан, суд мешавӣ!
Занро таҳқир кардан, дашному ҳақоратҳои қабеҳ додан ва ҳатто зери мушту лагад гирифтан барои иддае аз мардони тоҷик одати маъмулӣ гаштааст. Як сабаби муносибати бераҳмонаи мардон нисбат ба зан дар беҷуръатии худи занҳост, зеро аксари ҷавонзанҳои тоҷик ба хотири вайрон нашудани оила ва ятим нагаштани фарзандонашон ба тамоми ҷабру ҷафои шавҳар тоқат карда, сирри хонаро ҳаргиз намебароранд. Мутаасифона, баъзан хомӯшии зан боиси рӯз то рӯз авҷ гирифтани хушунату зӯроварӣ гашта, ҳатто ба фоҷиа оварда расонида метавонад.
Хушбахтона, занҳое низ ҳастанд, ки аз худ дифоъ карда метавонанд ва аз рӯйи марди муштзӯр шикоят мекунанд, то мақомотҳои танобкаш таноби он марди золимро нағзакак кашида монанд. Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти чунин як марди муштзӯр хабар додааст.
Нисбати як ҷавонмарди 29-солаи сокини шаҳри Истаравшан бо қисми 1-и моддаи 110-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд. Ин мард дар расонидани зарари вазнин ба саломатии шахси дигар муттаҳам дониста мешавад.
Тавре ки манбаъ мегӯяд, шоми 29-уми август, тахминан соатҳои 23:30 байни ин мард ва ҳамсари 27-солааш ҷангу ҷанҷол сар зада, дар ҷараёни ин моҷарои хонаводагӣ шавҳар занро бераҳмона лату кӯб намудааст. Дар натиҷа зан ҷароҳатҳои вазнин бардошта, акнун марди муштзӯр барои ин кирдори худ дар назди қонун ҷавоб хоҳад гуфт.