Чанд рӯз қабл навори занозании як гурӯҳ наврасон дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гашта буд. Кормандони раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе навори мазкурро мавриди санҷиш қарор дода, иштирокчиёни муноқишаро пайдо кардаанд.
“Навори муноқишаи ноболиғон, ки санаи 15-уми сентябр дар кӯчаи Маяковский рух дод, мавриди санҷиш қарор дода шуд. Дар натиҷа Занҷиров А., Фозилов И. ва Амиров И., сокинони 14-солаи кӯчаи мазкур ҳамроҳи волидайнашон ба мақомоти милитсия дастрас карда шуданд”,- омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, ки номбурдагон дар заминаи як нофаҳмии ночиз муноқиша карда, якдигарро латукӯб намудаанд. Кормандони бахши кор бо ноболиғони милитсияи пойтахт бо волидайни наврасон суҳбат намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронидаанд.