Солҳои охир бонувон он қадар ба зебоии худ диққати зиёд медиҳанд, ки занҳои оддии хонашинро аз актрисса ва ситораҳои синамо фарқ кардан душвор гаштааст.
Аксари хонумҳо ба хотири зебо намудан ҳатто аз шиками фарзандонашон зада, натанҳо пули меҳнатии худ, балки қисми зиёди даромади шавҳарашонро низ сарфи маникюру педикюр, ботексу миҷгони сунъӣ менамуданд, вале акнун занҳои ба доми “мӯд” афтодаро барои ғафс кардани лабҳо ва нохунҳои дароз ҷарима мебанданд.
Эҳтимол шумо гумон кунед, ки ин хабар дурӯғ ё танҳо ё шӯхӣ аст, вале дар асл чунин нест. Аз ин ба баъд, кормандони кошонаи ҳуснро, ки дар зебоиофарии занон саҳм мегузоранд, барои гузаронидани амалиётҳои “ботекс”, ғафс кардани лабҳо, шинондани мижгоҳои сунъӣ ва дароз кардани нохунҳо ҷаримаи дандоншикан мебанданд.
Тавре хабаргузориҳои туркменӣ иттиллоъ додаанд, кормандони ҳифзи ҳуқуқ ба кошонаҳои ҳусни шаҳри Байрамалии вилояти Туркменистон рафта, дар бораи манъ шудани баъзе хизматрасониҳои зебоиофарӣ ба духтарону занон корҳои фаҳмонда диҳӣ гузаронида, машшотаҳоро огоҳ намудаанд, ки аз ин ба баъд, касе, ки лабони бонувонро ғафс мекунад, ба занҳо миҷгонҳои сунъӣ мечаспонад ва нохунҳояшонро ба таври сунъӣ дароз мекунанд, ҷарима мешавад.
“Онҳо огоҳ карданд, ки баъзе хизматрасониҳо ба монандӣ часпонидани нохуни дароз, миҷгони сунъӣ часпонидан, манъ карда шудааст”, гуфтааст як корманди кошонаи ҳусн ба журналистон.
Ғафс кардани лабон ва гузоштани мижгонҳои дарозу нохунҳои сунъӣ мавзӯест, ки баҳсҳои зиёдеро дар пай меорад ва дар бештари маврид мардуми тоҷик низ онро қабул надоранд.