Arzon march 2024
ЗАНҲОИ ТОҶИКРО ЧӢ БА ХУДКУШӢ ВОДОР МЕСОЗАД?
3912

 

Занҳоро кӣ ё чӣ аз бахшандаи ҳаёт ба қотил мубаддал гардонд?

Маъмулан, вақте гап дар бораи ҳодисаҳои гӯшхарош меравад, аз кӯдаки 7- сола сар карда, то пири 70- сола ҳама санги маломатро ба сари зан мезананд. Саҳифаҳои рӯзномаю ҳафтаномаҳо пур аз мақолаҳои ҳангомавӣ аз силсилаи «Модари қотил», «Модари фарзандкуш», «Фариштаи марг» ва ғайра гашта, ҳама занро маҳкум менамоянд, вале касе намепурсад, ки чаро ин зан даст ба чунин амали мудҳиш задааст. Шеру паланг, шағолу рӯбоҳ ҳайвонанд, ақл надоранд, вале ҳатто ҳамин даррандагон низ қасди ҷони худу фарзандашонро намекунанд, пас чаро инсоне, ки Худованд ӯро бар ҳама офаридаҳои дигараш бартарӣ дода, соҳиби ақлу фаросат гардонидааст, дидаву дониста худро ҳамроҳи бачаҳояш, ки як пораи ҷони ӯ ҳастанд, ба дарё меандозад, то аз зиндагӣ, ки беҳтарин ва ширинтарин неъмати атокардаи Офаридгор аст, халос шавад? Ин суолест, ки ҳар кадоми мо, носеҳон бояд ба худ дода, посухашро ҷӯё шавем.

Тарбият бо зарби мушту лагад

Решаи аксари чунин ҳодисаҳои нохуш дар зӯроварии хонаводагист. Аз оғоз духтарони мо аз забони падар, модар, бибӣ, амма, хола ва дигар аъзоёни оила ҳамеша як пандро мешунаванд-зан набояд сирри хонаро ба берун барорад. Вақте падар ба сари духтар мушт мебардорад, ҳама атрофиён бо як овоз мегӯянд: «Хайр чӣ, падараш задааст?! Падар аст, ҳақ дорад, ки фарзандашро «тарбият» кунад. Барои исботи гуфтаҳоям як мисоли одӣ меорам. Соли гузашта шавҳари дугонаам Гулҷаҳон аз Русия баргашту мо дар хонааш меҳмон шудем. Вақте ки Гулҷаҳон барои овардани хӯрок ба ошхона рафт, ба духтарчаи 13- солааш Дилором гуфтам: «Дадаат омад, акнун роҳат мекунед, Дилҷон….» Манзури ман аз роҳат мекунед гуфтан он буд, ки саробонашон баргашту онҳо дигар азият намекашанд, вале аз ҷавоби духтарак даҳонам воз монд. Медонед, Дилороми 13- сола чӣ гуфт? «Эй холаҷон, ҳамон бе дадагиамон хубтар буд!» Ҳисси кунҷкобим боло гирифту сабаби «беҳтар будани бе дадагӣ»-ро аз Дилором пурсидам. Маълум шуд, ки падараш ҳамеша онҳоро ба таври худ «тарбият» карданӣ шуда, мезадааст. Вақте сари ин мавзуъ бо дугонаам суҳбат кардам, Гулҷаҳон бепарвоёна даст афшонда гуфт: «Шавҳарам хуб мекунад, ки мезанад, инҳо духтаранд, агар падарашон онҳоро назанад, аз худ рафта бадахлоқ шуданашон мумкин аст!» Ёбеду гиред!

Тарбият бо зарби мушту лагад танҳо ба шавҳари Гулҷаҳон хос нест, садҳо, шояд ҳазорон мардон имрӯзҳо занону духтаронашонро бо ҳамин усул тарбият менамоянд. Аксаран зӯроварии хонаводагӣ мисли силсилаи як занҷир баъди издивоҷ намудани духтар ба таври автоматӣ ба оилаи шавҳараш мегузарад. Пеш аз тӯй аз падару бародараш шатта мехӯрд, баъди тӯй аз шавҳараш шатта мехӯрад, аз модаршӯю падаршӯяш таънаю маломат мешунавад, аз хоҳару бародарони ҳамсараш суханони нешдор мешунавад, вале «сари кафида зери тоқию дасти шикаста зери остин» гӯён, зан сир пинҳон мекунад, чунки ӯро аз азал чунин тарбият намудаанд. Қонун дифои ҳуқуқҳои тамоми шаҳрвандонро новобаста ба ҷинсияташон кафолат додааст. Дар ҷумҳуриамон мақомоти милиса, суд, прокуратура, Кумитаи кор бо занон ва оила, Лигаи занҳои ҳуқуқшинос, Фонди Канадагии ташаббуси маҳаллӣ ва даҳҳо ташкилотҳои дигаре ҳастанд, ки метавонанд аз ҳуқуқҳои занҳои бо зӯроварӣ мувоҷеҳгашта ҳимоят намоянд, вале кам андар кам бонувон ба ин идораҳо муроҷиат менамоянд, зеро як умр дар гӯши бонувони тоҷик мехонанд, ки зан набояд сирри оиларо ба берун барорад.

Келин ё канизак?

Келин ҳам фарзанд аст-ин суханро дар тамоми маҳфилҳои арӯсӣ аз забони падару модар ва хешу ақрабои арӯсу домод, аз забони меҳмонон, аз забони санъаткорону ровиён мешунавем, вале аз чӣ бошад, ки дар баъзе оилаҳо баъди тӯй келин аз фарзанд ба як ғуломи ҳалқабаргӯш ё канизаки аҳли хонавода табдил меёбад. Вай бояд сари субҳ аз хоб бархоста, то як поси шаб хизмати аҳли оилаи шавҳарашро иҷро намояд. Маъмулан келин вақте сар ба болин мениҳад, ки дигар аъзоёни оила хоби чандумашонро мебинанд. Албатта бо кор кардан қомати одам намешиканад, вале охир келин ҳам одам аст ва ниёз ба истироҳату фароғат дорад.

Алови чашми занатро гир, бачам!

Тарафи дигари масъала муносибати аҳли оила бо келин ё зан аст. Эрод гирифтан ба тамоми кору бори келин вақтҳои охир дар мо як навъ мӯд шудааст. Баъзе хушдоману хоҳаршӯйҳо ба ҷойи он ки роҳу равиши зиндагиро ба келин омӯзонанд, баръакс аз зери нохун чирк кофта, писарро ба муқобили ҳамсараш мешӯронанд ва вақте ки ҷавон занашро мезанад, аз дур ин кинои бе пулро тамошо карда, дар дил қаср мекӯбанд: «Бигзор алови чашмашро гирад!»-ҳамин аст назари модаршӯйи келинро бо балво зери мушту лагад монда, вай заррае андеша намекунад, ки агар ҳоло дар ҷойи келин духтари худаш мебуд, чӣ кор мекард.

 

Одатан заноне, ки зери шиканҷаи шавҳар ва аҳли оила мемонанд, ҳамрозу ҳамдаме намеёбанд, ки дарди дилашон бигӯянд. Ба хусуру хушдоман шикоят карда намешавад, зеро аздусар тарафи фарзанди худашонро мегиранд, ба падару модари худаш шиква кунад, дар ҷавоб «ту тоқӣ нестӣ, ки ҳар рӯз дар сари як мард монем, зиндагӣ бе пастию баландӣ намешавад, тоқат кун, духтарам» мегӯянд, ба ҳамсоя бигӯяд, ба ҳолаш механдад ё дар ҳама ҷо овоза мекунаду ҳоли ҷавонзани бечора боз ҳам бадтар мешавад. Илоҷи дигар наёфта зани зулмдида ночор ғам дар дилу нам дар чашм муҳри хомӯшӣ бар лаб зада, ба ҳама ҷабру ҷафои шавҳар, хусуру хушдоман ва хоҳаршӯю додаршӯйҳояш тоқат мекунад. Тоқат мекунад, то он рӯзи шуме, ки косаи сабраш лабрез гашта, даст ба худкушӣ мезанад ё то он рӯзи наҳсе, ки шавҳараш ӯро бераҳмона ба қатл мерасонад. Бале, ҳайрон нашавед, чунин мисолҳо хеле зиёданд.       

Занро зан, намурад бо табар зан

«Занро зан, намурад бо табар зан» -яке аз мақолҳои бисёр бади тоҷикона аст, ки пештар танҳо ҳамчун як шӯхӣ ба забон меоварданд, вале бадбахтона солҳои охир иддае аз мардони мо аз рӯйи он амал намуда, ҳамсар, духтари дӯстдошта, ҳамкор, модар, хоҳар ва дигар занони нисбат ба худашон аз нигоҳи ҷисмонӣ камқувваттарро бо зарби корд, табар ва дигар яроқҳо аз ҳаёт маҳрум намуданд.

Соли 2015 дар кишвари мо «Соли оила» эълон шуда буд ва мебоист занонро дар ин сол тоҷи сар намоем, вале бадбахтона дар “Соли оила” занҳои зиёде аз ҷониби мардон ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шуданд. Марти соли 2015 дар арафаи ҷашни Наврӯз, дар Афғонистон бо балвои як идда руҳониён Фархунда ном духтараки бегуноҳе аз ҷониби як тӯда мардон ба таври ваҳшиёна ба қатл расонида шуд. Афғонистон як кишвари дар хун ғарқест, ки қариб 40 сол боз даҳшати ҷанг фазои онро тарк намесозад. Маъмулан сокинони мамолики ҷангзада тарсу мешаванд, вале марги Фархунда ҷомеаи Афғонистонро сар то сар ба по хезонд. Шоирон, нависандагон, журналистон, хулоса зиёиёни тоҷик аз ҷомеаи ҷаҳонӣ қафо мондан нахоста, дар марги Фархунда саҳифа-саҳифа марсияву фиғонномаҳо навишта ба қотилони ин духтараки бегуноҳ лаънат хонданд, вале…

Ҳамагӣ баъди ду моҳи ин ҳодиса хабари куштори ваҳшиёнаи ду зан дар шаҳри Турсунзода паҳн гашт. Муаллими мактаби таҳсилоти ҳамагонии №7-и ин шаҳри сарҳадии Тоҷикистон Юлдош Айматов директори ҳамин мактаб Дилором Юлдошева ва хоҳараш Гулнора Юлдошеваро дар рӯзи равшан дар пеши назари толибилмон ва омӯзгор бо зарбаҳои пай дар пайи корд ваҳшиёна ба қатл расонид. Пас аз ин занкушӣ ба қавле «мӯд» шуда монд. Санаи 11 июн Аҳдия Пирова, сокини 17- солаи деҳаи «Тиллои сафед»-и Ваҳдат қурбони теғи Маҷнуни сонӣ гашт. Ҳамдеҳааш Раҷабмурод Аҳдияи нокомро барои он, ки хостгории ӯро қабул накардааст, субҳи содиқ, ҳангоми ба мактаб рафтанаш 38 корд зад. Ҳанӯз мардум аз даҳшати ин ҳодиса ба худ наомада, боз як марди дигар вазифаи Азроилро бар дӯши худ гирифт-сокини деҳаи Лангари Поёни ноҳияи Ҳисор Сайдалӣ ҳамсараш Фарзонаи 22- соларо дар боғи падараш ваҳшиёна беш аз 40 корд зада кушт. Занкушию духтаркушӣ аз Турсунзодаю Ваҳдату Ҳисор ба Хатлону Суғд ҳам доман паҳн кард ва Гулпарии ҳомиладор рӯзи 8-уми июл дар макони зисташ, деҳаи Фирӯзи Ҷамоати деҳоти 20 солагии истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Фархор аз дасти шавҳари бадрашкаш Сафар ин дунёро падруд гуфт, баъдан сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Низораро шавҳараш Насим бо ду тир ба замин парчин кард. Ин рӯйхати қотилу мақтулонро метавон идома дод, вале мо бо ҳамин истисно мекунем, зеро мақсад чизи дигар аст-зиёиёни инсонпарвари мо, ки дар марги Фархундаи афғон саҳифа- саҳифа марсияву достон суруда буданд, дар сӯги ин занону духтарони бегуноҳи тоҷик на як мисра шеър гуфтанду на як ҳарфи тасаллиятро ба падару модар ва аҳли оилаи онҳо ба забон оварданд. Магар ҷони он духтари афғон ҷону ҷони занҳои қурбони теғи ҷонкоҳ ва тиру табар гаштаи тоҷик риштаи яксума буд, ки аз канда шуданаш касе озурда нагашт?! Шояд бисёриҳо иддао намоянд, ки қотилон ҷазо гирифтанд-ку! Бале, қотилон ҷазо гирифтанд, вале ин фоҷиаҳоро пешгирӣ намудан имконпазир буд, агар ҷомеа бо сар задани аввалин куштори зан нисбати ин масъала бетарафӣ зоҳир намекард. Маҳз ана ҳамин бетарафии мо боиси он мегардад, ки занро мезананд, таҳқир мекунанд, озор медиҳанд, мекушанд ё худи зан аз ҷонаш сер шуда, худро ҳамроҳи фарзандонаш ба дарё мепартояд, оташ мезанад, ба дор меовезад, зеро вақте ҳамсоя ҳамсарашро мезанад, ман дарамро маҳкам мекунам, ту даратро маҳкам мекунӣ, ҳамсояҳои сеюмиву чорумӣ дарашонро маҳкам мекунанд, ягон кас намехоҳад ба кори оилавии онҳо дахолат намояд. Бепарвоии мо, атрофиён боиси марги занони дар чорсӯйи зиндагӣ танҳову зору ҳайрон монда мегардад. Аз ин рӯ, вақти он расидааст, ки иллати бетарафию бепарвоиро решакан намоем. Дар кишварамон даҳҳо ташкилотҳое амал менамоянд, ки вазифаашон ҳимоят намудани ҳуқуқҳои занон аст, вале то он рӯзе, ки мо муносибати худро ба зан ва зӯроварӣ нисбат ба зан тағйир надиҳем, аз дасти ягон ташкилот ягон кор намеояд. Вақти он расидааст, ки ба ҷойи талқин намудани масалҳои куҳнашудаи «Сари кафида зери тоқӣ» ва «Нони шавҳар арра дорад, арраи шашпара дорад» ба духтаронамон дифоъ намудан аз ҳуқуқҳои худро талқин намоем. Бигзор духтарон аз кӯдакӣ бидонанд, ки касе-на падар, на бародар, на шавҳар ва на ягон каси дигар ҳақ надорад ба сари зан даст бардорад, ӯро таҳқир кунад, дашному ҳақорат диҳад, занад ё зарари ҷисмонӣ расонад. Бигзор бидонанд, ки эҳтиром намудани падар, модар, шавҳар, хусуру хушдоман фарз аст, вале на бо баҳои ҷони ширину ҷавони худ…

Мурдаҳоро шатта назанед!

Яке аз ҳамқаламони бисёр тавонои мо Абдумудассир Аҳмадзода дар мақолааш «Модари марг 4 тифлро ба дарё андохт, оё ҷанозаи ӯ дуруст аст?» дар ҳафтаномаи «Тоҷикистон» (шумораи 6 аз 10-уми феврали соли 2016) рафтори Зуҳро Маҳмуродова, сокини 25- солаи Норакро, ки худро ҳамроҳи 4 фарзандаш ба дарё партофта куштааст, маҳкум намуда менависад:

«Ягона роҳи аз байн бурдани падидаи худкушию фарзандкушӣ, ин ҷазо додан ба гунаҳкор аст, хоҳ мурда бошаду хоҳ зинда. Ҳарчи киштӣ, ҳамонро медаравӣ. Оё ба мурда ҳам ҷазо дода мешавад? Бале, агар муллоҳои мо, ба ғайр аз фаранҷию риш боз ба корҳои пурманфиаттари дигар машғул мешуданду гуфтаи шариатро дар мавриди ҷаноза накардани худкуш ва берун аз қабристон гӯронданаш иҷро мекарданд, он гоҳ дар ҷомеаи суннатии мо таконе ба амал меомад ва Модари марг қалб аз он ки чунин тасмими бераҳмонаро нисбат ба фарзандонаш ё худаш бигирад, сад бор андеша мекард…»

Ин пешниҳоди журналист масали «Болои мурда сад чӯб»-ро ба ёд меорад. Ҳамқалами мо шояд ба хотири ҷилавгирӣ аз худкушӣ чунин пешниҳод карда бошад, вале тарафи дигари масъаларо андеша накардааст, ки ягон кас аз хушӣ қасди ҷони худ намекунад. Зане, ки худу фарзандонашро ба дарё андохтааст, яқин касе дар ҳамин дунё зиндагии ӯро ба дӯзах табдил дода буд ва ҷонбезор шуда, ба чунин амал даст задааст. Дар ин ҳолат ҷаноза накардани фавтида бераҳмӣ хоҳад буд. Ба ҷойи он ки гунаҳкорони марги ин зан ва даҳҳо занони дигари даст ба худкушӣ задаро биҷӯем, мо пешниҳод мекунем, ки худкушӣ кардаро ҷаноза накунанд, берун аз гӯристон гӯронанд, хулоса занро баъди мурданаш ҳам ором нагузошта бераҳмона ҷазо медиҳем. Мурдаашро шаттакорӣ мекунем, вале мисли афғонҳои Фархундаро бо лагад зада нею, ба таври маданӣ, бо роҳи ҷаноза накардан, паст задани он заиф ҳатто баъди маргаш. Ҳамкасби азизи мо, Аҳмадзода донандаи хуби илми шариат ҳастанд ва дар такя ба шариати ислом чунин пешниҳод кардаанд, аз ин хотир ман ба эшон як савол дорам:

Риоя намудани талаботи шариат барои ҳар як мусалмон фарз аст, ҳамин тавр не? Агар чунин бошад, пас чаро вақте як зан тифли бе никоҳ ба дунё меорад, ҳама фарзандашро ҳаромию худи ӯро фоҳиша гӯён маломат мекунанду касе ба сӯйи марде, ки дар ин «ҷинояти ахлоқӣ» шарик, балки гунаҳкори асосӣ ва падари он тифли «ҳаромӣ» аст, санги маломат намепартояд? Чаро касе бо ангушт ба сӯйи он мард ишора карда «ҳаромхиштак» намегӯяд? Дар куҷои Куръон навишта шудааст, ки зино барои зан гуноҳу барои мард ифтихор аст? Чаро шумо пешниҳод намекунед, ки мардони зинокорро бе ҷаноза ва берун аз қабристон гӯронанд, чунки онҳо оромгоҳро бо вуҷуди нопокашон ҳаром мекунанд? Боварӣ дорам, ки мегӯед, агар чунин шавад, ҷасади нисфи мардон аз гӯристон берун мемонад. Ҳамин тавр не, ҳамкасби азиз?!

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД