Салом. Ман як марди зану фарзанддор ҳастам ва мехоҳам андешаҳоямро дар як мавзӯи муҳим бигӯям.
Вақтҳои охир шумораи ҷавононе, ки ба занҳои калонсоли фарзанддору ҳатто наберадор ошиқу оиладор мешаванд, хеле зиёд шудааст. Зани калонсол соҳиби хонаи шахсӣ бошад, талабгоронаш аз ҷумлаи ҷавонони муҷарраду зандор чунон зиёд мешавад, ки кас ба ҳайрат меояд, вале...
Ягон падару модар намехоҳад, ки писараш бо зани аз худаш калон ва фарзанддор оиладор шавад. Бачаҳо дар ҷавонӣ ошиқ мешаванду ба хатоҳои зиёд роҳ медиҳанд, вале занҳои калонсол, ки фарзанд доранд, бояд тақдири ояндаи худ ва ҷавони роҳгумзадаро андеша намоянд.
Волидон тамоми умр дар орзуи он ҳастанд, ки фарзанди худро дар сари тахти домодӣ бубинанд, барои ҳамин тақдири як ҷавон ва қалби падару модари ӯро нашиканед!
ИСКАНДАР